Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аҳмад Масъуд: “Иродаи мардуми Афғонистон барои мубориза бо Толибон бештар шудааст”
Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, ирода ва хоҳиши мардуми Афғонистон барои мубориза бо Толибон бештар шудааст. Ӯ гуфт, ки паёмҳои ҳамкории мардум барои муқобила бо Толибон ба ӯ рӯз то рӯз бештар мерасанд.
Аҳмад Масъуд рӯзи душанбе дар маросими солгарди дуюми кушта шудани аъзои барҷастаи Ҷабҳаи Озодӣ дар Соланг гуфт: “Ягон режим бидуни пуштибонии мардум пойдор намемонад ва тағйирот ҳатман фаро хоҳад расид”.
Ӯ гуфт, рӯзеро мебинам, ки озодӣ, адолат ва мардумсолориро дар паҳлӯи мардумамон ҷашн гирем. Ӯ Толибонро ба “зулм ва ваҳшат” муттаҳам кард ва гуфт, ки ҷараёнҳои мухолифи Толиб бояд муттаҳид шаванд.
“Соат дар дасти Толибон аст, вале замон дар дасти мардуми Афғонистон аст”- афзуд Аҳмад Масъуд.
Аҳмад Масъуд ҳушдор дод, ки ҳеч низом бидуни пуштибонии мардум устувор намемонад ва рақобатҳои тактикӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳонӣ наметавонад бақои режими Толибонро таъмин кунад. Ӯ аз ҳаракатҳои зиддитолибонӣ хост, ки “фиреби тавтиаҳои душман барои барангехтани эътилоф бар асоси қавият, ҷуғрофиё ва вилоят” –ро нахӯранд ва ба ваҳдат фикр кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”