27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
15.04.2025 12:46

Духтари вазири Натаняҳу падар ва модарашро ба таҷовузи ҷинсӣ ва шиканҷа муттаҳам кард

Духтари узви ҳукумати Бенямин Натаняҳу, вазири тундрави исроилӣ Струк Орит бо нашри наворе фош кард, ки дар замони кӯдакӣ аз ҷониби падар ва модараш солҳои тӯлонӣ ба таври даҳшатнок ва ҳуҷҷатӣ мавриди озору азият ва таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирифт.

Шаби 12-уми апрел телевизиони Исроил дар як гузориш гуфт, ки духтари яке аз шахсиятҳои шинохтаи давлатӣ аз волидайни худ бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ба додгоҳ шикоят кард.

Дар ибтидо, додгоҳ иҷозаи нашри номи шикояткунанда ва падару модарашро ошкор накард. Вале, баъди як рӯз, расонаҳои исроилӣ гуфтанд, ки Шошона Струк, духтари вазири шаҳраксозии Исроил баъди фирор ба хориҷи Исроил дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба ифшо зада, падару модарашро ба таҷовузи ҷинсӣ ва сабт намудани ин амал муттаҳам кард.

Расонаҳои исроилӣ навиштанд, ки Шошона Струк дар паёми видеоии худ гуфт: “Мехоҳам як сирро бо шумо дар миён гузорам, ки солҳо маҷбур будам онро пинҳон нигаҳ дорам. Ман аз кӯдакӣ аз сӯйи волидайнам, махсусан, падарам мавриди таҷовуз қарор мегирифтам”.

Модари Шошана, яъне Струк Орит, узви Ҳизби ростгарои Қудрати яҳудӣ ва тарафдори ашадии сохтмони шаҳракҳои ғайриқонунии яҳудӣ дар Каронаи Бохтарӣ аст. Ӯ борҳо пешниҳод карда буд, ки сарзамини Байтулмуқаддаси Шарқӣ ба қаламрави Исроил ҳамроҳ карда шавад. Ӯ дар моҳи феврали соли 2024 дар суханронии худ дар парлумони Исроил гуфта буд, ки “чизе бо номи Фаластин вуҷуд надорад”.

Тибқи гузоришҳо Шошона Струк дар Италия қарор дорад ва умедвор аст, ки ҷои амне барои зиндагӣ пайдо мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.