Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тарси исроилиҳо аз ҳузури Ироқчӣ дар музокироти атомии Эрон ва Амрико. Уиткофф таҷриба ва дониши кофӣ надорад
Расонаҳои исроилӣ баъди баргузор шудани нахустин нишасти дипломатӣ миёни Амрико ва Эрон дар хусуси ҳаллу фасли барномаҳои атомӣ бо изҳори нигаронӣ навиштаанд, ки Стивен Уиткофф, роҳбари ҳайати музокиракунандаи Амрико дар муқобили Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии ҶИЭ таҷриба ва дониши кофӣ надорад.
Нахустин нишасти музокирот миёни Амрико ва Эрон рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар пойтахти Уммон шаҳр Масқат баргузор гардид. Дар вокуниш ба оғози музокирот расонаҳои исроилӣ навиштанд, ки дипломатҳои амрикоӣ нисбат ба дипломатҳои Эрон таҷрибаи дипломатии кофӣ надоранд.
Рӯзномаи “Times of Israel” дар як матлаб навишт, ки таъйин шудани Стив Уиткофф ба ҳайси роҳбари музокиракунандаи Амрико боиси нигаронӣ аст, зеро ӯ таҷрибаи тӯлонӣ ва дониши кофӣ дар баробари Эрон надорад.
Яке аз муҳимтарин нуқтаҳое, ки дар матлаби рӯзномаи “Times of Israel” зикр мешавад, қарор гирифтани Стив Уиткофф дар муқобили Аббос Ироқчӣ, дилпломати кӯҳнакори эронӣ аст.
“Дар ҳоли ҳозир Исроил нигарон аст, ки эрониҳо музокиротро ба таъхир меандозанд, раванди онро тӯлонӣ мекунанд. Нуктаи муҳимме, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард, шахсияти намояндагони Эрон ва Амрико дар ин музокирот аст. Дар музокироти қабл аз созишномаи соли 2015, ҳайати Амрико зери роҳбарии Венди Шерман, муовини вақти Вазири корҳои хориҷии ИМА ва Роб Майлӣ, намояндаи махсус барои Эрон, ки ҳар ду аз наздикони Обама буданд, идора мешуд”- менависад рӯзномаи “Times of Israel”.
Ба навиштаи рӯзномаи “Times of Israel” дар ин музокирот Стив Уиткофф, намояндаи хоси Трамп дар умури Ховари Миёна аст ва дар мавриди Эрон дониши кофӣ надорад. Стив Уиткофф ҳуқуқшинос ва тоҷири муваффақ аст, ки бо Трамп робитаи наздик дорад.
“Дар муқобили ӯ Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дипломати ботаҷриба ва узви ҳайати музокиракунандаи Эрон дар созишномаи атомии соли 2015, роҳбари ҳайати эрониро бар уҳда дорад”- менависад рӯзнома.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”