Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Супориши Президент: Кумак ба зарадидагон ва бартарафи пасомадҳои офати табиӣ
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар натиҷаи заминларзаҳо дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
Дар пайи ин ҳодисаи табиӣ, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми апрел комиссияи ҳукуматӣ иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардиданд.
Гуфта мешавад, ки комиссияи мазкур ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғул шуда, барои бартарафсозии мушкилиҳои пешомада мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми апрел соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод, ки дар пайи худ хисороти ҷонӣ ҳам дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”