Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
UFC 314. Киҳо ғолиб шуданду чӣ қадар маблағ ба даст оварданд?
13-уми апрел дар шаҳри Майамии Амрико мусобиқаи UFC 314 бо иштироки рамзкорони шинохтаи муҳорибаҳои омехта доир гашт.
Дар набарди асосии мусобиқаи UFC 314 Александр Волконовкий ва Диего Лопес барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонӣ дар вазни нимсабук вориди майдон гардиданд.
Рақобати мазкур панҷ раунд давом ёфта, бо қарори якдилонаи доварон Александр Волконовкий ғолиб дониста шуд ва бори дигар қаҳрамони UFC дар вазни мазкур шуд.
Аммо дар асл, бисёриҳо ба боваре буданд, ки Александр Волконовкий аз Диего Лопес шикаст мехӯрад, зеро ӯ 36-сола аст ва ин синну сол барои дар сатҳи чемпионӣ ҷангидан созгор нест.
Ҳамчунин, дуюм муҳорибаи асосии ин мусобиқа миёни Майкл Чендлер ва Пэдди Пимблетт доир гашт, ки Пэдди дар даври сеюм Чендлерро бо усули бӯғӣ кардан мағлуб кард.
Пас аз мусобиқа маълум гардид, ки чор размкори муҳорибаҳои асосӣ чӣ қадар маблағ ба даст овардаанд.
Ҳамин тавр, Пэдди Пимблетт 1 миллиону 170 ҳазор доллар, Майкл Чендлер 1 миллиону 270 ҳазор доллар, Александр Волконовкий 2 миллиону 620 ҳазор доллар ва Диего Лопес 1 миллиону 430 ҳазор доллар ба даст овардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”