Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳалокати кӯдаки сесола. Хисороти се заминларза дар кишвар
Тибқи маълумоти дастрас, 13-уми апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се заминларза ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи худ хисороти ҷонӣ ҳам доштанд.
Мувофиқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори якум соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки дар асари заминларзаи якум дар ҳудуди деҳаҳои Сафедкунда, Гулханӣ, Кӯл, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳия Рашт 17 хонаи истиқоматӣ, 1 бинои муассисаи таълимӣ (мактаби №56 деҳаи Гулханӣ ва дар ҷамоати деҳоти Хиҷборак деҳаи Хулак 1 хонаи истиқоматӣ) дар умум 17 хонаи истиқоматӣ ва 1 муассисаи таълимӣ зарар дида, ноболиғ Машрабов Абдуғанӣ Шарҳиддинович, соли таваллудаш 2022, сокини деҳаи Уштурпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак зери девори хонаи истиқоматӣ монда, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар ҳудуди деҳаҳои Кӯл, Бӯстон ва Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари-Шоҳ ва деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, тибқи маълумоти пешакӣ ба 12 хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон дар ин зилзила зарар дид.
Дирӯз бори дуюм соати 12:14 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 163 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 29 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 2-3 баллро ташкил дод. Сокинони пойтахти кишвар бошад, заминларзаи дуюмро эҳсос накарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”