Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил ворид шудани беш аз 75% кормандони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Ғаззаро манъ кардааст
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, ки бо вуҷуди идомаи муҳосира ва ҳамлаҳои артиши Исроил, бисёре аз гурӯҳу дастаҳои Созмони Милали Муттаҳид аз ворид шудан ба Навори Ғазза манъ шудаанд. Ин маҳдудият саломат, ҷони инсонҳо ва рӯзгори ҳазорҳо оилаи фаластиниро дар маърази таҳдиди ҷиддӣ қарор медиҳад.
Тибқи гузориши расонаҳо, Аданом Гебреисус раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як нишасти матбуотӣ эълон кард, ки 75% гурӯҳҳои Созмони Милали Муттаҳид бо сабаби муҳосира ва ҳамлаҳои пайвастаи артиши Исроил аз ворид шудан ба навори Ғазза манъ шудаанд.
Ӯ бо ишора ба муҳосираи комили Исроил таъкид намуд, ки ворид шудани тамоми маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба Ғазза баста шудааст ва ин амалиёт вазъи гуманитариро ба шиддат буҳронӣ месозад.
“Ин муҳосира оилаҳои фаластиниро ба таҳдиди гуруснагӣ, камбуди ғизо, набуди оби пок, камбуди паноҳгоҳ ва набуди хадамоти тиббӣ қарор дод, хатари беморӣ ва маргро афзоиш додааст” – раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст.
Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳамалаҳои артиши Исроил ба инфрасохтори тиббии Ғазза интиқод намуда, гуфт, ки аз оғози ҷанг дар октябри соли 2023 тариқбан 400 нафар кормандони соҳаи кумакрасонӣ шаҳид шудаанд.
“Барои намуна, 23-уми марти ҳамин сол артиши Исроил як корвони ёрии тиббӣ ва кумакиро ҳадаф қарор дод ва боиси ҳалокати 15 нафар аз кормандони тиббӣ ва ёриҳои гуманитарӣ гардид” – гуфт раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”