Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири хориҷии Арабистон кӯчонидани иҷборӣ ё ихтиёрии фаластиниҳо аз Ғаззаро қотеъона рад кард
Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон аз вазъи фоҷеабор дар Ғазза ҳушдор дода, афзуд, ки сокинони ин минтақа аз эҳтиёҷоти ибтидоии зиндагӣ маҳруманд. Ӯ гуфт, ки бо ин вазъияти фоҷеабор пешниҳоди хуруҷи мардум аз навори Ғазза наметавонад ихтиёрӣ бошад.
Файсал ибни Фарҳон бо “ҳар гуна кӯчонидани фаластиниҳо” аз навори Ғазза мухолифат карда, афзуд: “Мо ҳар гуна нақшаеро, ки ба овора кардани фаластиниҳо вобаста бошад, намепазирем ва бо он қатъиян мухолифат мекунем”.
“Баъзе ниҳодҳо талош мекунанд, ки баъзе шаклҳои хуруҷи фаластиниҳоро ихтиёрӣ нишон диҳанд, аммо наметавон аз хуруҷи ихтиёрӣ ҳарф зад. Дар ҳоле, ки фаластиниҳо дар Ғазза аз нон, об, неруи барқ ва амният, яъне аз одитарин ниёзҳои зиндагӣ маҳруманд. Агар касеро маҷбур кунанд, ки маҳалли зисташро тарк кунад, ин хуруҷи ихтиёрӣ нест, балки як навъ иҷбор аст”- таъкид кард Файсал ибни Фарҳон.
Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки барои ворид кардани кумакҳои башардӯстона набояд шарт гузошт. Ӯ афзуд, ки ворид кардани кумакҳои башардӯстона набояд ба оташбас вобаста бошад ва он бояд бе ҳеч гуна шарт расонида шавад.
Файсал ибни Фарҳон аз талошҳои Қатар ва Миср барои поён додан ба ҷанг ва барқарории оташбас қадрдонӣ карда, афзуд: “Мо аз талошҳо барои расидан ба оташбас ҷонибдорӣ мекунем ва ба заҳматҳои Мисру Қатар дар ин самт арҷ мегузорем”.
Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ таъкид намуд, ҳар гуна кӯчонидани иҷбории фаластиниҳо аз навори Ғазза қотеъона рад мешавад ва ҳар гуна талош, ки мехоҳад ин раванди иҷбориро “фурсати тиллоӣ” ё “хуруҷи иҷборӣ” нишон диҳад, таҳрифи воқеият ва фиреб дониста мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”