27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
12.04.2025 09:59

Путин ва Стивен Уиткофф дар Санкт-Петербург дидор карданд

Расонаҳои Русия гузориш даданд, ки рӯзи 11-уми апрел мулоқоти Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ва Стивен Уиткофф, фиристодаи махсуси Доналд Трамп дар шаҳри Санкт –Петербург баргузор гашт. Дафтари матбуоти президенти Русия навореро, ки дар он Путин аз Уиткофф истиқбол мекунад ва ба ӯ даст медиҳад, нашр намуд.

Қаблан, “Франс-пресс” хабар дода буд, ки Путин ва Уиткофф доир ба масъалаи ҷанги Украина гуфтугӯ хоҳанд кард. Ин мулоқот баъди он сурат мегирад, ки Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар ҷаласаи Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Брюссел гуфта буд, ки Амрико дар давоми чанд ҳафта  мушаххас хоҳад кард, оё Русия дар мавриди сулҳ ҷиддӣ аст ё на.

Ин дидор дар ҳоле сурат мегирад, ки Доналд Трамп аз ба натиҷа нарасидани созиши қаблӣ оид ба қатъи ҳамла ба инфрасохтор ва муассисаҳои энерегетикии Украина хамшгин ва ноумед шудааст. Қаблан, дар музокироти Стив Уиткофф ва мақомоти Русия масъалаи ҳамла накардан ба инфрасохтор ва муассисаҳои энергетикӣ матраҳ шуда буд ва ҳар ду ҷониб қавл дода буданд, ки дар ин замина оташбаси кӯтоҳро риоя хоҳанд кард.

Баъди сафари Стивен Уиткофф ба Русия расонаҳо навиштанд, ки эҳтимолан дар рӯзҳои оянда Владимир Путин ва Доналд Трамп дар хусуси масъалаи баҳси Украина ва расидан ба созишномаи сулҳ ба созиш хоҳанд расид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.