Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Эронро шикаст дод
Шоми гузашта дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 доир гашт, ки мунтахаби наврасони то 17-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ҷумҳурии исломии Эрон вориди майдон гардиданд.
Дидорбинии мазкур бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи футболбозони Тоҷикистон ба анҷом расид. Муаллифи голҳои тими миллии кишвари мо Меҳрубон Одилзода, Аҳмадҷон Шоев ва Абдулло Иброҳимзода мебошанд.
Ғалабаи мазкур тими миллии наврасони Тоҷикистонро бо 6 имтиёз садрнишини гурӯҳи “D” карда, имкони ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё баромаданро дод.
Илова бар ин, наврасони мо роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм аст, ки ба Ҷоми ҷаҳон роҳ меёбад. Қаблан, дар Куриёи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) иштирок карда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”