Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
16 курсанти тоҷик дар задухӯрди гурӯҳӣ дар Қазоқистон ширкат кардаанд
Дар Академияи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар шаҳри Петропавловский ҷойгир аст, миёни донишҷӯёни курси аввал муноқишаи гурӯҳӣ рух додааст. Дар ин хусус расонаҳои Қазоқистон иттилоъ медиҳанд.
Тибқи иттилоъ, дар задухӯрд ё ошӯб 41 курсант ширкат намудаанд, ки 16 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар натиҷаи ин ҳодиса иштирокчиёни ошӯб осебҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Ягон нафар кушта ё дар бемористон бистарӣ нашудааст.
Ҳоло дар Академияи Гвардияи миллии Қазоқистон феълан 44 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Онҳо курсантҳое мебошанд, ки дар асоси ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин теъдод, 16 нафар донишҷӯёни курси аввал дар ошӯби гурӯҳӣ иштирок намудаанд.
Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ санҷиши хизматӣ идома дорад. Масъулони муассиса ҳолати рух додани задухӯрд ва масъулияти ҳар як донишҷӯи иштирокчиро месанҷанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”