27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
12.04.2025 08:01

Шамсиддини Насриддин: “Ошиқи хӯрокҳои миллӣ ҳастам”

Шамсиддини Насриддин ошпази касбист ва аз соли 2020 инҷониб дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ҳамчун фуд-блогер фаъол аст. Ба ибораи дигар, ӯ яке аз мубаллиғони хӯрокҳои миллӣ дар фазои маҷозӣ буда, имрӯз зиёда аз 176 ҳазор пайрав ё обуначӣ дорад.

Наворҳо аз рафти хӯрокпазиаш таҳия мешаванд ва ӯ дар саҳифааш рубрикаи махсус ҳам дорад, ки бо намояндагони касбу кори гуногун хӯрок мепазад.

Dialog.tj ба суроғи ин ҷавони соҳибистеъдод рафт ва доир ба кору рӯзгораш суҳбат кард.

 “БО ҲАМ МЕПАЗЕМ”

 - Мехоҳем суҳбатамонро аз рубрикаи махсусатон, ки бо одамони касбу кори гуногун хӯроку хӯриш омода мекунед, оғоз кунем. Бигӯед, ки идеяи ин рубрика чӣ гуна ва кай пайдо шуд?

- Дар саҳифаи шахсии ман дар Инстаграм зиёда аз 176 ҳазор нафар обуна шудаанд ва ин бароям танҳо рақам нест, балки дар пасманзари худ масъулияти бузургеро бар дӯшам вогузор мекунад. Касоне, ки ба саҳифаи ман обуна шудаанд, маро водор мекунанд, ки ҳамчун ошпаз кор кунам ва барои онҳо наворҳои хубу манфиатовар таҳия намоям. Ростӣ, аниқ намедонам, ки идеяи рубрикаи мазкур кай пайдо шуд, аммо яқин медонам, ки ин корро барои ба аудиторияам фоида расонидан мекунам. Ҳамчунин, ҳадаф аз таҳияи наворҳо муаррифии хӯрокҳои миллӣ буда, кӯшиш мекунам, ки онҳоро дар фазои маҷозӣ шиносонам. Илова бар ин, онҳое, ки бо ман дар наворҳоям хӯрок омода мекунанд, имкони васеъ кардани аудиторияи худро низ доранд.

- Меҳмонони рубрикаи шумо ошпаз нестанд, балки моделу блогеру сарояндаву актёр ва ғайра ҳастанд. Ҳамкориатон бо онҳо чӣ гуна сурат мегирад?

- Пешниҳодҳо ҳам аз тарафи ман мешаванд ва ҳам аз ҷониби меҳмонон. Ва дар кори мо кӣ аввал пешниҳод мекунад муҳим нест, балки мекӯшем дар як навори кӯтоҳ доир ба хӯроки омодакардаамон ба бинандагон маълумот диҳем. Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки дар доираи рубрикаи мазкур бо ошпаз ва фуд-блогерҳо низ навор мегирам.

- Вақте ки як меҳмон интихоб шуд, чӣ гуна қарор медиҳед, ки бояд кадом навъи хӯрокро омода кунед ва сарфу харҷро кӣ ба уҳда мегирад?

- Ман чанд китоб дорам, ки дар онҳо дастурамали омода кардани хӯрокҳои тоҷикӣ ҷой доранд ва одатан аз ҳамонҳо интихоб мекунам. Дар мавриди рубрикаи мазкур бошад, бояд бигӯям, ки зиёдтар бо меҳмонон қарори омода кардани ин ё он хӯрокро якҷоя мебарорем. Аммо боз мешаванд ҳолатҳое, ки ё онҳо худашон пешниҳод мекунанд ва ё ба ман бовар карда, интихоби маро қабул мекунанд. Дар масъалаи хароҷот бошад, ҳамааш бар зиммаи худам аст.

- Хӯрокҳое, ки омода мекунед, ба меҳмон медиҳед ё ҳамроҳ тановул мекунед?

- Мо ҳатман баъд аз пухтани хурок якҷоя тановул мекунем. Хӯроки боқимондаро ба ҳамсояҳо, дӯстон тақсим мекунем. Бинобар ин, ҳамсояҳо маро хеле дӯст медоранд.

ФУД-БЛОГЕР ВА ХУСУСИЯТИ Ӯ

 - Шумо ошпази касбӣ ҳастед ва дар Инстаграм фаъол буданатон аз ҳар ҷиҳат хуб аст. Бигӯед, ки кай ва чӣ гуна тасмим гирифтед, ки бояд фуд-блогер шавед?

- Соли 2020 аз Русия омадам ва аз сабабе, ки хӯрокҳои миллиро хеле зиёд пазмон шуда будам, тасмим гирифтам, ки ҳамчун ошпаз дар Инстаграм саҳифаамро фаъол кунам ва ба ин минвол хӯрокҳои тоҷикиро муаррифӣ намоям. Ҳамин тавр, инак, панҷ сол мешавад, ки дар фазои маҷозӣ ҳамчун ошпаз фаъолам ва наворҳои гуногун таҳия мекунам.

- Одатан фуд-блогерон дар наворҳояшон пули зиёд харҷ мекунанд, оё аз шумо ҳам чунин аст?

- Дар асл, барои таҳияи наворҳо ман пули зиёд сарф намекунам, зеро аксар вақт худам наворбардориву танзим мекунам. Албатта, боз мешавад ҳолате, ки ёрдамчиам ба ман кумак мекунад. Фикр мекунам, барои хариди маҳсулот ҳам он қадар пули бисёр харҷ намешавад.

- Дар наворҳои шумо муҳити тоҷикона сохта шудааст. Оё барои ин кор касе кумак мекунад ё ҳамаашро худатон мекунед?

- Ҳамаашро худам мекунам ва ин бароям ҳаловатбахш аст. Сабаби душворӣ накашиданам он аст, ки аз аввал мақсади аниқ доштам – муаррифии хӯрокҳои миллӣ ва фарҳанги тоҷикӣ.

- Аён аст, ки барои омода кардани як хӯрок хеле вақт меравад. Чун шумо ҳам хӯрок омода мекунед ва ҳам сабт менамоед, чӣ қадар вақтатон сарф мешавад?

- Ин вобаста ба навъи хӯрок аст. Одатан барои сабти як навор 3-4 соат сарф мешавад.

- Албатта, бо таҳияи чунин наворҳо шумо ба мардум, махсусан бонувон кумак мекунед, то ки дар дастурхонашон доимо хӯрокҳои болаззат бошад, аммо бигӯед, ки ба худи шумо фуд-блогерӣ чӣ фоида дорад?

- Машғул будан бо кори дӯстдошта орзуи ҳар соҳибкасб аст. Ман ҳам дар мадди аввал аз кори пухтупаз ҳаловат мебарам ва медонам, ки барои мардум нафъам мерасад. Дар масъалаи манфиати моддӣ бошад, ман ҳам монанди дигар блогерон аз реклама фоида мегирам.

- Як хусусияти хуб ва фарқкунандаи шумо аз дигар фуд-блогерон он аст, ки дар зери ҳар наворатон дастурамали хӯроки омодакардаатонро менависед. Оё ин сарборӣ ба шумо душворӣ намекунад?

- Душвор нест, вале каме вақт мегирад. Чун ман муҳимияти пешниҳод кардани дастурамалро медонам, кӯшиш мекунам, ки корамро дуруст анҷом диҳам ва бинандагонро дуруст роҳнамоӣ кунам.

 “...ҲАТТО ТАСАВВУР КАРДА НАМЕТАВОНАМ...”

 - Шумо аз замони кӯдакӣ ба пухтупаз шавқ доштед ва маҳз бо дастгирии волидонатон ин касбро омӯхтед. Агар онҳо дастгирӣ намекарданд ва зид мебаромаданд, ба фикратон ҳоло чӣ касбе медоштед?

- Аз хурдӣ фақат кори мехостаамро мекардам ва волидонам хайрият, ки зид набаромаданд. Ҳоло ҳатто тасаввур накарда наметонам, ки агар онҳо маро дастгирӣ намекарданд, ҳоло чӣ касбу коре медоштам, зеро тамоми ҳастиам ҳамин пухтупаз шудааст.

- Аз 14-солагӣ инҷониб ҳамчун ошпази касбӣ фаъолият мекунед, ин қадар сол як корро кардан хаста нашудед?

- Вақте ки касби худро дӯст медорӣ, аз он хаста намешавӣ. Ҳама рӯз бо кори дӯстдошта машғул будан ин баракат аст. Албатта, ман ба сайёҳат меравам, истироҳат мекунам, вале аз худи касбам монда намешавам.

- Муддате ба хоҳишмандон дарси маҳорати ошпазӣ мегузаштед, оё ҳоло ҳам ин касбро меомӯзонед?

- Бале меомӯзонам, вале аз сабабе, ки хоҳишмандон зиёданду вақтам кам, акнун курсҳои “онлайн”-ӣ дорам. Ин тавр одамон метавонанд аз тамоми кунҷи дунё пухтупазро омӯзанд.

- Яке аз муваффақиятҳои шумо иштирок ва то даври ниҳоии рафтанатон дар барномаи маъруфи “Молодые ножи”-и Телевизиони “Пятница” аст. Оё пас аз он барнома дигар ба чунин барнома-озмунҳо даъват нашудед?

- Ман инчунин дар барнома-озмуни “Здравствуй, сладкий” бо сарояндаи машҳури рус Клава Кока дар телевизиони “Суббота” иштирок кардам ва то финал расидам.

- Чаро дар интернет ё шабакаҳои телевизионии худамон чунин барнома-озмунҳо барои ошпазҳо нест?

- Фикр мекунам, таҳияи чунин барнома-озмунҳо кори душвор аст. Вале орзу дорам, ки дар оянда шабакаҳои телевизионии мо низ чунин барномаҳоро фаъол намоянд.

- Шавқовар аст, ки бидонем хӯроки дӯстдоштаи як ошпази касбӣ чист?

- Як хӯрокро интихоб карда наметавонам. Ошиқи ҳамаи хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ҳастам - ош, қурутоб, самбӯса, манту, мошкичирӣ ва ғайра.

- Охирсуханатон чӣ мешавад?

- Дар оянда нақша дорам, ки бренди худро созам, ашёҳои дар пухтупаз даркориро худам истеҳсол кунам. Хӯрокҳои миллии тоҷикиро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоям. Ва албатта, мехоҳам оилаи худро барпо кунам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.