27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
11.04.2025 18:41

Вазирон барномаи таҳкими амнияти сарҳадии ИДМ-ро дар Алмаато баррасӣ карданд

Дар шаҳри Алмаато маҷлиси Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил идома дорад. Дар ин хусус, ВАО-и Қазоқистон хабар медиҳанд.

Субҳи имрӯз дар шаҳри Алмаато барномаи бомуҳтавои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шуд. Дар иҷлосияи мазкур вазирони ҳама кишварҳои узви Созмон ширкат доранд.

Сарвазири Қазоқистон Мурат Нуртлеу дар оғози нишаст таъкид кард, ки соли 2025 ба 80-солагии Ғалаба рост меояд. Ӯ афзуд:  “Қазоқистон дар солҳои Ҷанг ба “пуштибони стратегии муҳим табдил ёфта буд. Дар он замон 1, 2 миллион сарбоз ба фронт рафтанд ва беш аз 5 миллион тонна гандуму 800 ҳазор тонна гӯшт барои ҳимояти ҷабҳа фиристода шуд”.

Қабл аз оғози нишаст сарвазири Қазоқистон Мурат Нуртлеу ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия мулоқот намуда, иҷрои созишномаҳои дар сатҳи баланд бадастомадаро баррасӣ намуданд. Дар поёни мулоқот роҳбарони вазорати корҳои хориҷии кишварҳо ба “Оташи абадӣ” дар “Боғи 28-и Гвардиячии Панфилов” гулчанбар гузоштанд.

Хабарнигори қазоқ - Индира Унгарбоева гузориш дод, ки ҳоло боз як мулоқоти муҳимми дигар дар формати “Осиёи Марказӣ - Русия” дар ҳоли амалӣ шудан аст. Дар меҳвари гуфтугӯ рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, логистикаи нақлиётӣ, лоиҳаҳои фарҳангӣ ва албатта масъалаҳои амният қарор дорад.

Дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ як қатор санадҳои муҳимми ҳамкории вобаста ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба имзо хоҳад расид.

Сергей Лебедев, дабири кулли ИДМ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки дар нишасти мазкур 17 санад баррасӣ шуда, 6-тои он барои баррасии роҳбарони кишварҳо пешниҳод мегардад. Аз ҷумла, пешниҳод дар хусуси додани унвони фахрии “Шаъну шарафи меҳнатии солҳои 1941-1945” матраҳ шудааст. Гуфта мешавад, ки ин санад то рӯзи 9-уми октябр бояд ба имзо расад.

“Айни ҳол, ҳайати кишварҳо ба муҳокима дар формати васеъ гузаштанд. Аз ҷумлаи мавузъҳои асосӣ – тарҳи Барномаи таҳкими амнияти сарҳадии кишварҳои ИДМ барои солҳои 2026-2030 ва рушди ҳаракати давталабона дар сатҳи Иттиҳод аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.