27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
11.04.2025 15:22

Амрико дар сарҳади Ӯзбекистон мониторҳои радиатсионӣ насб мекунад

Дар шаҳри Тошканд мақомоти Амрико ва Ӯзбекистон дар мулоқоти дуҷониба масъалаи насби мониторҳои радиатсиониро дар сарҳади Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ намуданд. Ҳадафи насби мониторҳои радиатсионӣ пешгирӣ аз қочоқи маҳсулоти атомӣ гуфта мешавад.

Тибқи иттилоъ, намояндагони Идораи ошкорсозӣ ва пешгирии кочоқи атомии Вазорати энергетикии ИМА барои дидор бо мақомоти Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд омада, дурнамои ҳамкорӣ дар бораи насб кардани дидбонгоҳҳои марзӣ бо мониторингҳои радиатсиониро баррасӣ намуданд.

Ҳоло насб намудани чунин дастгоҳ дар дидбонгоҳҳои Дустлик дар вилояти Андиҷон, Фарғона ва ҳамчунин, дар Институти гумруки Ӯзбекистон идома дошта, то моҳи оянда ба итмом мерасад.

Ҳайати амрикоӣ аз 8 то 12-уми апрел аз майдони ҳавоии Тошканд ва дидбонгоҳҳои Гишткупрук, Навоӣ ва Фарғона боздид менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми феврал Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Марко Рубио, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот анҷом дода, дар хусуси қочоқи атомӣ гуфтугӯ намуд. Бахтиёр Саидов ва Марко Рубио масъалаҳои ҳамкориҳои васеъ миёни Тошканд ва Вашингтонро баррасӣ намуданд.

“Мо бо ҳимояти қатъии ИМА аз ислоҳоти ҷорӣ дар Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳем. Мо мувофиқа кардем, ки бо идомаи муколама дар сатҳи баланд ва ҳамкориҳои амалӣ дар чорчӯби шарикии стратегӣ робитаҳои дуҷонибаро нигоҳ дорем” – гуфтааст Бахтиёр Саидов.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.