27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
10.04.2025 17:41

Дар Қирғизистон боз аз “табаддулоти давлатӣ” пешгирӣ карданд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боз аз кӯшиши созмондиҳии ошӯбҳои оммавӣ ва табаддулоти давлатӣ, ки аз хориҷ тарҳрезӣ шудааст, пешгирӣ кард.

Тибқи иттилои расмӣ, аз ибтидои соли 2025 гурӯҳи мушаххас зери роҳбарии ашхоси иғвогар барои ташкили бетартибиҳо дар Бишкек омодагӣ дидаанд. Яке аз саркардаҳои гурӯҳ дар хориҷи кишвар қарор дошта, ба эҳтимоли зиёд дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ паноҳ бурдааст.

Мақомоти амниятии қирғиз тамоми аъзои гурӯҳ, аз ҷумла роҳбарони сатҳи миёнаро мушаххас ва боздошт кардаанд. Ин гурӯҳ ният дошта навори сохтаеро паҳн намояд, ки дар он як зани қирғиз бо нишонаҳои латукӯб ва ба гуфтаи онҳо мавриди таҷовузи шаҳрвандони хориҷӣ қарор гирифтааст. Навор бояд эҳсосоти миллӣ ва ғазаби ҷавононро барангезад ва онҳоро ба гирдиҳамоӣ таҳрик диҳад.

Бар асоси нақша, баъди нашри навор гурӯҳҳои мусаллаҳ дар нуқтаҳои мухталифи Бишкек ба иғво, шикасти амвол ва ҳамла ба шаҳрвандони хориҷӣ даст мезананд. Ҳамзамон, иқдоми иғвогарона бар зидди шаҳрвандони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тарҳрезӣ шуда буд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид кард, ки мақсади асосии чунин амалҳо беэътибор намудани сохторҳои идоракунии давлат ва барангехтани норозигии мардум барои ташкили эътирозҳои бузург буд, ки  аз тарафи гурӯҳҳои ба ном “оппозитсионӣ” маблағгузорӣ мешуданд.

Тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки роҳандозии чунин амалиёт аз хориҷи кишвар сурат гирифтааст ва дар айни замон кофтукови ҷиноӣ барои боздошти ташкилкунандагони асосӣ идома дорад.

Дар соли 2024 низ Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон як гурӯҳро барои ташкили табаддулоти давлатӣ боздошт карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.