27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
10.04.2025 17:27

Қонуни “Амр ба маъруф”-и Толибон солона ба иқтисоди Афғонистон 1,4 миллиард доллар зарар ворид мекунад

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид бо такя ба таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки маҳдудиятҳои ҷорӣ кардани Толибон бар зидди таҳсил ва кори занон метавонад ҳар сол ба иқтисоди Афғонистон 1,4 миллиард доллар зарар ворид кунад.

UNAMO, дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфт, ки амалӣ намудани қонуни “Амр бар маъруф” –и Толибон сабаби буҳронӣ шудани иқтисод дар Афғонистон шудааст.

Ин ниҳоди СММ рӯзи панҷшанбе бо нашри гузорише дар хусуси паёмадҳои иқтисодии қонуни “Амр ба маъруф” изҳори назар кардааст. UNAMO эълон кард, ки Толибон ҳамчун як қисми кӯшишҳояшон барои бозсозии ҷомеаи Афғонистон ва созгор намудани он бо дидгоҳҳои идеологӣ қонуни “Амр бар маъруф”-ро қабул ва татбиқ намудаанд. Ин ниҳоди СММ мегӯяд, ки Толибон кӯшиш мекунанд низоми “холис”-и исломии мавриди назарашонро дар саросари Афғонистон густариш диҳанд.

Бар асоси гузориши UNAMO мардон, занон, ақалиятҳо ва ҷавонон дар саросари кишвар ба таври мухталиф аз амалӣ шудани ин қонун осеб дидаанд. Ин таъсир бештар бо нақзи дахолати шахсӣ, ҳаёти хусусӣ ва маҳдуд кардани фаъолиятҳои иқтисодӣ ҳамроҳ будааст.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки “муҳтасиб”-ҳои Толибон салоҳияти фарогир барои “боздошти худсарона ва мусодираи амволи вайронкунандагон”–и қонуни мазкурро доранд. Дафтари СММ махсусан ба маҳдудиятҳои таҳмилшудаи қонуни “Амр бар маъруф” бар зидди занону духтарон ишора мекунад, ки шомили маҳдудият дар дастрасӣ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, шеваи пӯшиш ва сафари бидуни маҳрам мебошад. UNAMO таъкид мекунад, ки дастрасии занон ба хизмарасонии занон ба хадамоти тиббӣ низ бинобар манъ кардани сафари бидуни маҳрам маҳдудтар шудааст. Бархе кормандони зан дар бахши тиб гуфтаанд, ки бо сабаби надоштани маҳрам иҷозаи ворид шудан ба ҷойи корашонро надоранд.

UNAMO гуфтааст, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда сабаби тақвияти фарҳанги тарсу пинҳонкорӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.