Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
12 мушак ба абрҳо. Чӣ тавр ба кишоварзони Ҳисору Турсунзода ёрӣ расонида шуд?
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партоби 12 мушак ҷониби абрҳои жолаафкан хабар дод.
Шоми гузашта, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар борони пуршиддат борид, бо мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз бориши жола Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода 12 мушак ҷониби абрҳо партофт, ки дар натиҷа хатари зарар ба заминҳои киштшуда бартараф гардид.
Дар хабарномаи кумита гуфта мешавад, ки аз соати 22:58 то соати 23:50-и 9-уми апрели соли равон кормандони Хадамоти зидди жолаи кумита бо ёрии мушакҳо нагузоштанд, ки ба маҳсулоти кишварзии деҳқонони шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода зарар бирасад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад