Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аббос Ироқчӣ: “Роҳи дипломатия миёни Эрон ва Амрико боз аст”
Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки роҳи дипломатия миёни Теҳрон ва Вашингтон боз аст, вале ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи таҳдидҳо Эрон посухи шадид хоҳад дод. Ӯ суханони дирӯзи Доналд Трамп дар хусуси музокираи мустақимро рад кард.
“Ҳоло туб дар майдони Амрико аст. Агар ҳақиқатан хостори роҳи ҳалли дипломатӣ ҳастанд, мо роҳи онро нишон додаем” – гуфт Аббос Ироқчӣ.
Ироқчӣ рӯзи сешанбе, 19-уми апрел дар як матлабе барои “The Washington Post” навишт: “Ҳоло тӯб дар майдони Амрико аст. Агар дар ҳақиқат хостори роҳи ҳалли дипломатӣ бошад, мо роҳи онро нишон додаем.”
Аббос Ироқчӣ афзуд, ки дар ҳафтаҳои охир яксилсила паём ва номаҳо миёни Эрону Амрико муболида шудаанд.
Аббос Ироқчӣ бо ҳушдор ба паёмадҳои ҳамлаи низомии эҳтимолии Амрико гуфт: “Муҳим аст, ки Доналд Трамп намехоҳад тақдири президентҳои қаблии Амрикоро такрор кунад ва вориди ҷанги фоҷеаборе дар Ховари Миёна шавад. Ҷанге, ки метавонад минтақаи васеъро фаро гирад ва арзиши он болотар аз ҷангҳои Афғонистон ва Ироқ хоҳад буд”.
Бар асоси гузориши сомонаи “Ахиос” як манбаъ гуфтааст, ҳарчанд Трамп Эронро таҳдид кард, вале ӯ тарафдори роҳи ҳалли дипломатӣ аст. Стив Уитков ва Ҷей Ди Ванс низ ба ин назаранд, дастёбӣ ба созиш бо Эрон мусоидтар аст.
Бархе мансабдорони Амрико, аз ҷумла Майк Уолтс, мушовири амнияти миллӣ ва Марко Рубио, вазири корҳои хориҷӣ бештар тарафдори иқдоми низомиянд ва ба расидан ба тавофуқ шубҳа доранд.
Яке аз дипломатҳои Ховари Миёна ба “Рейтерз” гуфт, ки Теҳрон имкони гуфтугӯҳои мустақим бо Вашингтонро рад накардааст, вале оғози чунин музокирот вобаста ба иқдомҳои мушаххаси Амрико аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”