Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эммануэ Макрон: “Фаронса дар моҳи июн Фаластинро ба расмият мешиносад”
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълон кард, ки кишвараш дар моҳи июн Фаластинро ҳамчун як кишвари мустақил ба расмият мешиносад. Ӯ гуфт, ки бархе кишварҳои Ховари Миёна низ метавонанд Фаластинро ба расмият шиносанд.
“Мо бояд ба сӯйи ба расмият шинохтани Фаластин ҳаракат кунем ва ба ҳамин хотир дар чанд моҳи оянда ин корро анҷом хоҳем дод. Ман ин иқдомро барои розӣ кардани касе намекунам” – гуфт президенти Фаронса.
Президенти Фаронса афзуд “онҳое, ки аз Фаластин ҳимоят мекунанд, дар навбати худ Исроилро ба расмият шиносанд, вале инро бисёре аз онҳо анҷом намедиҳанд”.
Фаластин то ба ҳол тақрибан аз сӯйи 150 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳонӣ ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохта шудааст. Аммо аксари қудратҳои бузург, аз ҷумла Амрико, Британия, Фаронса, Олмон ва Ҷопон онро то ба ҳол ба расмият нашинохтаанд ва расимиятшиносии онро ба созиши дуҷонибаи фаластиниҳо ва исроилҳо марбут донистаанд.
Кишварҳо дар Ховари Миёна, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Эрон, Ироқ, Сурия ва Яман Исроилро ба унвони як кишвари мустақил ба расмият намешиносанд.
Президенти Фаронса ба нишасте ишора кард, ки бар асоси гуфтаи ӯ ба раёсати муштараки Арабистони Саудӣ ва Фаронса доир мегардад ва дар он мавзӯи ба расмият шинохтани кишвари Фаластин баррасӣ гардида ва дар ин бора қарори ниҳоӣ қабул мегардад.
“Мақсади мо моҳи июн аст, дар як конфронс зери раёсати Арабистони Саудӣ, кӯшиш мекунем ҳаракат ба сӯйи шинохти мутақобила аз ҷониби чандин кишварро ниҳоӣ кунем” – зикр кард Макрон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”