Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Амрико ба яҳудиситезон виза ва гринкорт намедиҳад
Мақомоти муҳоҷирати ИМА эълон кард, ки саҳифаи довталабони виза ва иқомати доимиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳад ва агар онҳо маводи аз назари идора зиддияҳудиро нашр карда бошанд, дархосташон рад мешавад.
Триша Маклафлин, ёвари Вазири амнияти дохилии Амрико дар баёнияе гуфт: “Дар Иёлоти Муттаҳида ҷое барои ҷонибдорони терроризм вуҷуд надорад ва мо ҳеч уҳдадорие надорем, ки онҳоро бипазирем ё иҷозаи иқомат дар ин кишвар диҳем”.
Мақомоти амрикоӣ нашри ҳар гуна мавод барои пуштибонӣ аз гурӯҳҳое чун Ҳамос ё ҳимоят аз Фаластинро ҳамчун матлаби зиддияҳудӣ маънидод мекунанд.
Ин қарор баъди он содир мешавад, ки Вазорати амнияти дохилӣ ва ниҳодҳои вобаста ба он шуморе аз эътирозгарон ба ҷанги Исроил бар зидди Ҳамос дар Ғаззаро боздошт карданд. Онҳо визаи устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои саросари Амрикоро барои ҳимоят аз Фаластин бекор намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио гуфт, ки вазифаи 300 нафар донишҷӯёни ҳомии Фаластинро бекор кардааст. Мухолифони сиёсатҳои ҳукумати Трамп ин иқдомро мухолифи демократия ва фишор бар озодии баён медонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”