Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар озмуни «Илм ва амал» 85 лоиҳаи инноватсионӣ ва ихтироъкории хонандагон муаррифӣ гардид
Тибқи иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 8-уми апрел дар муассисаи таълимии хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ» дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» озмуни шаҳрии «Илм ва амал» баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар озмуни мазкур зиёда аз 85 лоиҳаи инноватсионӣ ва ихтироъкории хонандагони ихтироъкору навовари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба намоиш гузошта шуданд. Дар натиҷа, лоиҳаҳои беҳтарин аз ҷониби ҳайати ҳакамон интихоб гардида, ғолибон дар маросими ҷамъбасти «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» бо ҷоизаҳои арзанда қадрдонӣ карда мешаванд.
Зикр мегардад, ки озмуни «Илм ва амал» ба рушди ташаккули малакаҳои эҷодӣ ва рушди навоварӣ миёни наврасон замина мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, татбиқи техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон ҳамасола бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”