Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Баҳси “ниқоб” ва “ҳиҷоб”. С. Ҷабборов: “Мо зидди ҳиҷоб нестем”
Пас аз мамнуъ шудани пӯшидани ниқоб дар ҷомеа ва муассисаҳои давлатии Қирғизистон баҳс ва вокунишҳои мухталиф ба вуҷуд омад. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар вокуниш ба баҳсҳо дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Кабар” гуфт, пӯшидани ҳиҷоб, ки рӯйи шахсро намепӯшонад ва як унсури анъанавию мазҳабӣ аст, мухолифи расми ҷомеа нест.
“Ҳиҷоб либосест, ки дар он рӯйи шахс намоён мемонад. Модарону бибиҳои мо низ чунин либос мепӯшанд. Мо зидди ҳиҷоб нестем”- гуфт Содир Ҷабборов.
Ин изҳороти Содир Ҷабборов рӯшан сохт, ки Ҳукумати Қирғизистон миёни ҳиҷоб ва ниқоб, ки рӯйи шахсро комилан мепӯшонад, фарқ мегузорад. Ҳамзамон, мавқеи расмӣ нишондиҳандаи он аст, ки масъалаи мамнуъ намудани ниқоб, ки шинохтани шахсро душвор месозад, бо мақсади таъмини амният ва танзими фазои ҷамъиятӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар моҳи январ Содир Ҷабборов қонунеро ба имзо расонид, ки тибқи он пӯшидани либосҳое, ки шинохтани шахс дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатиро ғайриимкон месозанд, мамнуъ аст.
“Мо дар умури дин дахолат намекунем. Танзими либосе, ки рӯйро комилан мепӯшонад, як масъалаи амниятист ва аз сӯйи мақомоти зирабт роҳандозӣ мешавад. Ин сиёсати зидди дин нест”.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо ишора ба нақши муфтиёт дар танзими чунин масъала гуфт: “Ҳукумати марказӣ дар масъалаҳои мазҳабӣ дахолати мустақим намекунад ва муфтиёт озод аст, ки роҳбурди худро нисбат ба пӯшиши мазҳабии занон муайян созад”.
Бо вуҷуди баёни мавқеи расмӣ дар ин ин маврид вокунишҳо ба баҳси ҳиҷоб ва ниқоб дар Қирғизистон мухталиф аст. Гурӯҳе аз олимони мазҳабӣ ва муҳофизакорон ин қонунро ҳамчун маҳдудияти озодиҳои динӣ таъбир карда, онро мавриди интиқод қарор додаанд. Баръакс, бархеи дигар онро як қадами зарурӣ ба сӯи танзими фазои ҷамъиятӣ ва таъмини амният мешуморанд.
Изҳороти президенти Қирғизистон ва қонуни нав баҳсҳои густурдаеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба вуҷуд овардааст. Гурӯҳе аз ҷомеашиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон чунин қонунҳоро маҳдудкунанда ва муқобил ба меъёрҳои озодии шахсӣ ва мазҳабӣ арзёбӣ мекунанд. Аз сӯйи дигар, тарафдорони қонун таъкид кардаанд, ки дар шароити муосир, ки таҳдидҳои амниятӣ ва мазҳабии тундгароёна рӯ ба афзоиш аст, давлат маҷбур аст чораҳои эҳтиётӣ бияндешад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”