Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон дар қатори бузургтарин фурӯшандаҳои тилло қарор гирифт
Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар қатори бузургтарин фурӯшандаҳои тилло қарор гирифтанд.
Кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо фурӯши 12 ва 9 тонна тилло дар миёни кишварҳои ҷаҳон ба қатори бузургтарин фурӯшадаҳои тилло дар моҳи феврали соли ҷорӣ шомил шуданд. Дар зинаи аввал, Ӯзбекистон бо фурӯши 12 тонна тилло ва дар зинаи дувум, Қазоқистон бо фурӯши 9 тонна тилло қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои Шурои ҷаҳонии тилло Ӯзбекистон дар моҳи феврал ба бузургтарин фурӯшандаи тилло дар ҷаҳон табдил ёфт. Дар охири моҳи зимистон бонкҳои марказии ҷаҳон захираҳои расмии тиллои худро 24 тонна афзоиш доданд. Тақозои асосиро бонкҳои марказии кишварҳои дар ҳоли рушд ташкил медиҳанд. Лаҳистон 29 -тонна, Чин – 5 тонна, Туркия 3 – тонна, Урдун -3 тонна, Қатар – 2 тонна ва Чехия 2 – тонна.
Бо ин сабаб, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар қатори фурӯшандаҳои асосии тилло дар ҷаҳон шомил шуданд. Ӯзбекистон захираҳои тиллои худро 12 тонна ва Қазоқистон 8 тонна камтар кард.
Тибқи натиҷаҳои моҳи январ – феврал бонки марказии кишварҳои мазкур аз пешсафон дар фурӯши тилло боқӣ монданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”