Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Токер Карлсон: “Ҳамла ба Эрон худкушист, ҳазорон амрикоӣ кушта мешаванд”
Токер Карлсон, рӯзноманигори машҳури тарафдори Доналд Трамп ва муҷрии пешини шабакаи телевизионии “Фокс-нюз” ба тундравони сиёсати Амрико ҳушдор додааст, ки ҳар гуна ҳамла ба Эрон “худкушӣ” аст ва боиси марги ҳазорон амрикоӣ мегардад.
Токер Карлсон дар саҳифаи худ дар “Х” бо ҳушдор навишт: “Новобаста аз назари шумо дар хусуси тарофаҳо рӯшан аст, ки феълан бадтарин замон барои дахолати низомии ИМА ба Эрон аст. Мо тавони пардохти хароҷоти ин ҷангро надорем. Ҳазорон амрикоӣ хоҳанд мурд. Мо дар ҷанге, ки оғоз мешавад, мағлуб мешавем. Барои кишвари мо ҳеч чиз харобкорона ва хатарнок аз ин нахоҳад буд”.
Ин рӯзноманигори тарафдори ашадии Трамп гуфт: “Бо вуҷуди ин ҳама, ба шарофати фишори беамони неоконсерваторҳо мо беш аз ҳар вақти дигар ба ин ҷанг наздиктар ҳастем. Ин худкушист. Ҳар касе, ки тарафдори ҷанг бо Эрон бошад, муттаҳиди ИМА нест, балки душмани он аст” – гуфт Токер Карлсон.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки сомонаи амрикоии “Ахиос” рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ, ба нақл аз як манбаи исроилӣ навишт, Натаняҳу фикр мекунад, эҳтимоли расидан ба як созиши атомӣ миёни Эрон ва Амрико хеле кам аст.
“Натаняҳу хостори модели Либия аст, яъне барчидани комили барномаи ҳастаии Эрон”- навиштааст Ахиос.
Бенямин Натаняҳу қабл аз дидор бо Доналд Трамп бо Стив Уиткоф, намояндаи хоси Трамп дар корҳои Ховари Миёна гуфтугӯ анҷом дод. Ин дидор барои баррасии талошҳо дар ҷиҳати расидан ба як созиши нав дар бораи озодии асирон ва оташбас дар Ғазза сурат гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”