Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Алмаато миёни коллеҷҳои технологиии Тоҷикистону Қазоқистон шартнома имзо шуд
Шартномаи ҳамкорӣ миёни Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи техникӣ-инноватсионии шаҳри Алмаато ба имзо расид. Дар ин хусус, расонаҳои Тоҷикистон хабар додаанд.
Имзои шартномаи зикршуда заминаи муҳимми ҳамкориҳо миёни донишҷӯён ва устодони ду кишварро фароҳам мекунад. Дар шартнома роҳҳои ҳамкорӣ дар заминаи такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба, таъсиси факултетҳои муштарак, ҳамкории илмӣ- таҳқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак зикр шудааст.
Ҳамчунин, шартномаи мазкур ба таҳкими ҳамкории судманди академӣ ва рушди соҳаи миёнаи касбӣ дар байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар бояд шуд, ки робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи маориф таърихи тӯлонӣ дорад. Донишҷӯёни ду кишвар дар донишгоҳҳои ҳамдигар таҳсил мекунанд. Бар асоси омор шумори зиёди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қазоқистон таҳсил мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”