27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
09.04.2025 11:28

Хурсандии Ҷавод Зариф ва Дмитрий Песков аз оғози музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико

Вазири корҳои хориҷии пешини Эрон Муҳаммадҷавод Зариф дар пайи хабари оғози музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико бо хурсандӣ навишт, ки Эрон интихоби дуруст анҷом додааст.

Муҳаммадҷавод Зариф дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, “боиси хурсандист, ки Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, масъули музокироти ҳастаӣ бо Амрикост” ва “агар гурӯҳи амрикоӣ низ бо ҳамин ирода ва бо эҳтиром ба ҳуқуқ ва манфиатҳои мардуми Эрон вориди музокира шавад”, ҳаракати хуб хоҳад буд.

“Эрон интихоби дуруст анҷом дод. Акнун навбати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, ки дар ин озмоиши сарнавиштсоз барои сохтани ояндаи беҳтар барои минтақа ва ҷаҳон саҳм гирад” - афзуд Ҷавод Зариф.

Дар пайи эълони расмии оғози музокираи Эрон ва Амрико, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, ки Русия аз гуфтугӯҳои мустақим ва ғайримустақими миёни Теҳрон ва Вашингтон дар хусуси Барномаи ҳастаии Эрон истиқбол мекунад.

“Мо аз ҳар гуна роҳи ҳалли дипломатӣ ва сиёсӣ, ки метавонад ба коҳиши таниш миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоидат кунад, пуштибонӣ мекунем” – гуфт Дмитрий Песков.

Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ бо сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу гуфт, ки мақомоти олии Амрико ва Эрон рӯзи шанбе дар Уммон музокироти мустақимро оғоз хоҳанд кард.

Бар асоси иттилои бархе расонаҳо рӯзи шанбе Стив Витков, намояндаи Доналд Трамп ва Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Эрон дар шаҳри Масқати Уммон дар хусуси Барномаи атомии Эрон музокироти мустақимро оғоз хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.