Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия мехоҳад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ системаи нави амниятӣ созад
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия рӯзи ҷумъа бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва дигар минтақаҳои Авруосиё мулоқоти ҳамаҷониба анҷом дод. Дар ин мулоқот Сергей Лавров таъкид кард, ки Русия дар талош аст бо ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фазои Авруосиё ба бунёди девори нави амниятӣ оғоз кунад. Ҳадафи ин иқдом таҳкими субот ва ҳамгироӣ дар минтақа хоҳад буд.
Сергей Лавров гуфт, ки ин ташаббус бо пешниҳоди президенти Русия Владимир Путин рӯи даст гирифта шудааст ва бояд бо ширкати фаъолонаи ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ бо дар назар гирифтани манфиатҳои миллии онҳо ва ҳифзи истиқлолу амният роҳандозӣ шавад.
“Имрӯз ҷаҳони муосир дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои нав қарор дорад. Русия ҷонибдори он аст, ки на бар асоси сафбандии нав, балки бо роҳи муколама ва эътимодсозии ҳамаҷониба сохтори амниятии умумӣ бунёд гардад. Мо аз кишварҳои дӯст, пеш аз ҳама, шарикони Осиёи Марказӣ даъват мекунем, ки дар ин раванд саҳмгузор бошанд” – гуфт Сергей Лавров.
Ба гуфтаи ин вазири рус, таҳримҳо ва сиёсатҳои фишор нисбат ба Русия фақат ба шиддат гирифтани нооромӣ дар минтақа ва ба ҳам задани тартиботи амниятии байналмилӣ оварда мерасонад.
“Русия барои муколама ва ҳамкорӣ ҳамеша омода аст. Аммо ин муколама бояд бо риояи баробарҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ сурат гирад. Давлатҳое, ки талош доранд, ба минтақа тавассути таҳрим ва фишор таъсир расонанд, танҳо вазъиятро мураккаб мекунанд” - гуфт Сергей Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия дар идома ба нақши фазояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкиму субот ва рушди устувор дар қаламрави авруосиё ишора намуда, таъкид кард, ки ин кишварҳо метавонанд бо такя ба таҷрибаи ҳамкории бисёрҷониба дар чорҷӯби СҲШ, ИДМ ва СААД ва дар роҳандозии системаи амниятӣ ва ҳамгироии минтақавӣ нақши калидӣ бозӣ кунанд.
“Осиёи Марказӣ бояд ҳамчун хати пайвасткунандаи кишварҳои Авруосиё нақш бозад, на ҳамчун майдони рақобатҳои геополитикӣ. Мо ҷонибдори рушди шабакаҳои инфрасохторӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва эҷоди платформаҳои мустақил барои мубодилаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳастем” – гуфт Сергей Лавров.
Сергей Лавров ҳамчунин, таъкид кард, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия омодааст, ки як силсила нишасту машваратҳои коршиносӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар шарикони стратегӣ баргузор намояд, то дар самти таҳияи санадҳо ва механизмҳои амниятии муштарак кор бурда шавад.
“Танҳо бо иродаи муштарак ва ҳамкории фаромиллӣ метавон амнияти воқеӣ ва устуворро таъмин кард. Мо инро ба манфиати умум медонем, на ба зиёни касе” – хулоса намуд Сергей Лавров.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”