27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
08.04.2025 18:18

Истеҳсоли 20 навъ ранг ва парвариши 11 ҳазор мурғ иқтидори саноатии Гулистонро афзоиш медиҳад

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корҳои ободониву сохтмонӣ ва таъсису ифтитоҳи корхонаҳои бузурги саноатӣ идома дорад. Ин тадбирҳо дар чорчӯби омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад. Дар ин хусус, дафтари матбуоти вилояти Суғд хабар додааст.

Тибқи иттилоъ, таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди соҳаи саноат ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ равона гардидааст. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар сафари ахираш ба шаҳри Гулистон аз ҷараёни бунёди иншоотҳо, насби таҷҳизоти муосир, ҳамчунин, корҳои амалишуда дар як қатор майдонҳои муҳимми истеҳсолӣ шинос гадид.

Ҳоло дар шаҳри Гулистон бунёди корхонаи ҶДММ “Тиглат” идома дорад, ки ҳадафи он истеҳсоли навъҳои гуногуни ранг ва маҳсулоти ороишии сохтмонӣ аст.

Гуфта мешавад, ки баъди анҷоми корхона беш аз 70 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Корхона бо таҷҳизоти истеҳсолии муосири Туркия ва Чин, ки ҷавобгӯи стандартҳои соҳавӣ мебошанд, муҷаҳҳаз гардидааст. Илова ба истеҳсоли рангҳо, дар ин корхона истеҳсоли қутиҳо бо андозаҳои мухталиф ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмуъ, дар ин корхона 20 навъи мухталифи ороиши сохтмон истеҳсол хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода бунёди корхонаи мазкурро қадами саривақтӣ дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – индустрикунонии босуръати кишвар номида, дастур дод, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ аҳмияти махсус зоҳир карда шавад.

Ҳамчунин, дар минтақаи саноатии шаҳр маҷмааи сарднигоҳдории ҶДММ “Сеганҷ” бунёд карда мешавад. Иншоот барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар тӯли сол пешбинӣ шудааст. Анбор ҳаҷми ғунҷоиши 600 тонна маҳсулотро дошта, аз 10 бахш, аз ҷумла 8 бахш барои нигоҳдории мева ва сабзаҷот, 2 бахши дигар барои маҳсулоти гӯштӣ иборат мебошад. Технологияҳои чиние, ки дар бунёди сохтмон истифода мешавад, имконият медиҳад, ки ҳарорати дохилӣ вобаста ба навъҳои маҳсулот ба таври автоматӣ танзим карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ бо фаъолияти фабрикаи мурғи ҶДММ “Мурғи заррин” шинос гардид. Иқтидори истеҳсолии корхона то 20 ҳазор мурғи бройлериро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар ферма 11 ҳазор мурғ нигоҳ дошта мешавад.

Илова бар ин, раиси вилоят бо фаъолияти фабрикаи мурғи ҶДММ «Мурғи заррин» шинос гардид. Иқтидори истеҳсолии корхона то 20 ҳазор сар мурғи бройлериро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар ферма 11 ҳазор сар мурғ нигоҳдорӣ мешавад, чаҳор қафаси парвариши мурғ сохта шудааст ва корҳои сохтмонӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир идома доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.