27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
08.04.2025 17:46

“Дастагули 12-миллиона”. Як занро барои кандани гули лола ҷарима мекунанд

Дар ноҳияи Урдубоси вилояти Туркистони Қазоқистон як ҳолати ғайриқонунии ҷамъоварии гули лолаи шинилқирмизӣ (грейга) аз сӯи полис ошкор шуд. Аз рӯйи маълумот гули лолаи шинилқирмизӣ ба Китоби сурхи Қазоқистон ворид шуда ва кандану ҷамъоварии он мамнуъ мебошад.

Рӯзи якшанбе дар яке аз саҳроҳо занеро диданд, ки гули нодири шинилқирмизиро канда, қонунро вайрон кардааст. Нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Ҳоло ӯро ба андозаи 3000 нишондиҳандаи ҳисобӣ, наздик ба 12 миллион танга ҷарима ё ҷазо дар шакли корҳои ислоҳӣ ва ҷамъиятӣ таҳдид мекунад.

Дар фасли баҳор, ки мавсими гул аст, полиси Қазоқистон шабакаҳои иҷтимоиро ба таври ҷиддӣ назорат мекунад. Полис назорат мекунад, ки дар ин фасл сокинон даст ба харобкорӣ назананд. Фаъолони экологӣ низ барои ҳифзи олами набототи нодир ташаббусҳо нишон медиҳанд.

“Лолаи Грейга ба Китоби сурх дохил шудааст ва ҷамъоварии онҳо ба экосистема зарари ҷуброннопазир мерасонад, зеро ин растаниҳо бо тухм рушду нумуъ мекунанд, на аз тариқи пиёзакҳо. Тухмҳо метавонанд то ҳафт сол дар хок бошанд, то нашъунамо ёбанд ва кандани ғайриқонунии гулҳо боиси нестшавии онҳо мегардад” – навиштаанд, расонаҳои қазоқистонӣ.

Раёсати полиси вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ дод, шахсияти занеро, ки лолаи нодирро кандааст, мушаххас кардаанд. Вай сокини шаҳри Шимкент будааст. Ҳоло нисбати ӯ бо моддаи 339 - қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.