27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
08.04.2025 17:36

Шавкат Мирзиёев: “Афғонистонро набояд дар муҳосираи ҷаҳонӣ қарор диҳем”

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар суханронии ахираш гуфт, ки зарурати ҳамкорӣ ва муколама бо гурӯҳи террористии Толибон вуҷуд дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд Афғонистонро дар муҳосира қарор диҳад.

Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид, аз сиёсати ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии Толибон ва ҳукумати феълии Афғонистон бори дигар ҳимоят кард.

Президенти Ӯзбекистон таъкид кард, Афғонистон бояд ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи минтақаи Осиёи Марказӣ бо зарфиятҳои зиёди истифоданашуда дар назар гирифта шавад.

“Мо набояд ҳамсояи худ – Афғонистонро фаромӯш кунем. Мо бар онем, ки худдорӣ аз муҳосираи ин кишвар дар саҳнаи ҷаҳонӣ, барқарор намудани муколамаи созанда бо мақомоти кунунӣ ва нигоҳ кардан ба Афғонистон ҳамчун як бахши ҷудонашавандаи Осиёи Марказӣ бо захираҳои табиию истифоданашуда, бисёр муҳим аст. Дар ин замина, мо ба ҳимояти парлумонҳо умед дорем” – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

Шавкат Миризиёев бо ишора ба таҳдидҳои фарогире, ки дар натиҷаи муноқишаҳои ҷаҳонӣ  ба вуҷуд омадааст, гуфт, ки чунин буҳронҳо сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ ва минтақаро таҳдид мекунанд.

Президенти Ӯзбекистон аз садоқати кишвараш нисбат ба ҳалли дипломатии низоъҳо таъкид намуда, гуфт, ки ҳукумати Ӯзбекистон қотеъона аз муколамаи осоишта ҳамчун василаи аслии ҳаллу фасли ихтилофҳо ҳимоят мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.