27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
08.04.2025 17:31

10, 5 миллион. Афзоиши рекордии шумораи сайёҳон дар Қазоқистон

Имсол шумораи сайёҳон дар Қазоқистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфта, ба 10,5 миллион нафар расид, ки нисбат ба соли 2024 900 ҳазор нафар бештар аст.

“Дар умум, ба кишвари мо 15,3 миллион меҳмони хориҷӣ омадаанд. Дар ин шумора, онҳое ки барои кор ё зиндагии доимӣ омадаанд, ҳисоб нашудааст. Аз миёни онҳо 10,4 миллион нафар, беш аз як рӯз дар Қазоқистон иқомат кардаанд. Мо онҳоро ба ҳайси сайёҳони хориҷӣ қабул мекунем. Ҳамаи онҳое, ки барои истироҳат, сафари хизматӣ, ширкат дар конфронсҳо ё ба дидани дӯстон ва хешовандон омадаанд, ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта мешаванд. Зеро онҳо ба кишвари мо омада, ба иқтисодиёти мо таъсири мусбат мерасонанд”- гуфт Ербол Мирзобосинов, вазири сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон.

Ербол Мирзобосинов таъкид кард, ки аз 10 миллион нафар сайёҳ, 9 миллиони онҳо дар ҷойҳои расмии иқомат сатби ном нашудаанд.

“Дар ҳоли ҳозир омори меҳмонони хориҷӣ, бо истифода аз иттилооти Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ таҳия мешавад. Ин дар ҳолест, ки маълумот оид ба сайёҳии дохилӣ бар асоси сабти ҷойҳои истиқоматӣ аст. Аз ин рӯ, барои такмил додани низоми омор ва сабти сайёҳон чунин тадбирҳо пешниҳод мешавад. Барои ба таври дақиқтар арзёбӣ намудани ҷараёни сайёҳӣ бояд Бюрои миллии омор ба маълумоти операторони мобилӣ дастрасӣ дошта бошад. Илова бар ин, барои таҳлили саҳми иқтисодии сайёҳон лозим аст маълумот дар хусуси хароҷоти онҳо ба воситаи кортҳои бонкӣ низ бошад” – гуфт вазир Ербол Мирзобосинов.

Қаблан, Вазири сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон Ербол Мирзобосинов дар хусуси дурнамои рушди сайёҳӣ дар Қазоқистон иттилоъ дода буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.