Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Теғи Исроил дар гулӯи кӯдакони Ғазза. Рафаҳ аз нақшаи Ғазза пок шуд
Дар Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ мардуми Навори Ғазза вазъияти беҳдоштии душворро таҷриба мекунанд. Монеъ шудани Исроил барои ворид кардани ваксини полиомиелит ба монанди бомбаи соат ҳаёти кӯдакони Ғаззаро таҳдид мекунад.
Вазорати тандурустии Фаластин эълон кард, ки дар Навори Ғазза вазъияти беҳдошт ба сатҳи хатарнок ва фоҷеабор расидааст ва манъи ворид шудани ваксини полиомиелит ва дигар ёрии тиббӣ ба Ғазза аз сӯйи режими Исроил ба мисли бомбаи соатӣ аст.
Юсуф Абдуллоҳ, муовини Вазири тандурустии Ғазза гуфт: “ Мавҷудияти 59 дарсади доруҳои лозимӣ ба сифр расидааст ва идомаи баста шудани гузаргоҳҳо вазъияти бади ҷисмонии садҳо бемор ва маҷруҳонро, ки мунтазири сафари худ барои табобат ҳастанд, бадтар мекунад”.
Ӯ афзуд, 13 000 бемор ба анҷом додани табобати махсус ниёз доранд, ки ба берун аз Навори Ғазза сафар кунанд. Баста шудани гузаргоҳҳо амнияти ғизоии мардумро таҳдид мекунад ва хатари марги кӯдакон бо сабаби норасоии ғизо ва камхунӣ афзоиш меёбад.
“Дар давоми ҷанг 52 мавриди марги кӯдакон бо сабаби норасоии ғизо сабт шуда ва то он вақт ки, ёрии ғизоӣ ворид нашавад, раванди марг аз гуруснагӣ ва камхунӣ дар Ғазза идома хоҳад ёфт” – гуфт Юсуф Абдуллоҳ.
Вазорати тандурустии Ғазза дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, ки ба рӯзи 7-уми апрел мувофиқ аст, гуфт: “Ҳаққи саломатӣ аз миллионҳо фаластинӣ гирифта шудааст ва дар Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ ба тамоми ҷаҳон ёдоварӣ мекунем, ки кӯдакон, занон, пиронсолон, беморон ва маҷруҳон дар навори Ғазза аз унсурҳои авлавияти хидматҳои тиббӣ ва дору маҳруманд”.
Вазорати тандурустии Фаластин дар идомаи изҳороти худ гуфтааст, ки тақрибан 600 000 кӯдак дар хатар қарор доранд ва бояд воксини полиомиелит ҳарчӣ зудтар ворид шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”