Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷикистон ва Тотористон масъалаи тиҷорат ва таъсиси корхонаи саноатиро баррасӣ карданд
Ҳамоиши тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ширкати намояндагон ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии ду кишвар бо мақсади баррасии ҳамкорӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти тозаи Тоҷикистон ба Тотористон ва амалӣ намудани лоиҳаи таъсиси корхонаҳои саноатӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш ба аҳамияти таъсиси корхонаҳои муштарак, истифодаи технологияҳои нав ва васеъ намудани ҳамкориҳо миёни минтақаҳо таъкид шуд, ки ба рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ кумак мекунад.
Тибқи иттилоъ, айни ҳол дар вилояти Суғд беш аз 1200 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 300 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. Ин вилоят бо сабаби захираҳои табиии бойи худ ва доштани корхонаҳои маъданӣ ва металлургӣ барои истихроҷи тилло, нуқра, сурб, ангишт, мармар ва ғайра машҳур аст.
Бо ҳимояти ҳукумати Тоҷикистон вилояти Суғд бо минтақаҳои мухталифи кишварҳои хориҷӣ, кишварҳои дуру наздик созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ имзо намудааст ва бо беш аз 60 кишвар дар самти тиҷорат ва иқтисод ҳамкорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Минниханов, президенти Тотористонро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфта буд, ки дар ин мулоқот дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Тотористон баррасӣ шуд. Имкониятҳои таъсиси корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маводи хом ва ниҳоӣ, аз ҷумла риштаҳои абрешим ва пашм, навъи гуногуни матоъ ва мебел аз мавзуъи дигари гуфтугӯ буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”