27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Санаи баргузории «Парасту» - рақобати театрҳои касбӣ маълум шуд
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-ум то 21-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - «Парасту» баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки кушодашавии Фестивал-озмуни мазкур 14-уми апрел соати 17:30 ва маросими ҷамъбасти он 21-уми апрел соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - «Парасту» дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии кишвар баргузор мегардад. Имсол дар фестивали мазкур 18 театри касбии ҷумҳурӣ ширкат карда, беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2023-2024 рӯи саҳна омадаанд, дар театрҳои пойтахт намоиш дода мешаванд.
Фестивал-озмунро аз рӯи номинаҳои пешниҳодшуда, коршиносони соҳаи театр аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баҳогузорӣ менамоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”