27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
07.04.2025 18:25

Вазири хориҷаи собиқи Амрико: “Натаняҳу дурӯғгӯи маккори кисабур аст”

Ин фақат Доналд Трамп, президенти Амрико нест, ки аз “ҳаромзода” хондани Бенямин Натаняҳу истиқбол кардааст, балки ҷонишини ӯ, Ҷо Байндени демократ низ сарвазири Исроилро “як дурғгӯи ҳаромзода” хонда буд.

Тибқи иттилои расонаҳо Бенямин Натаняҳу субҳи имрӯз (7-уми апрел) ба ИМА сафар намуда, бо президент Доналд Трамп дар хусуси барномаи атомии Эрон суҳбат мекунад.

Хабаргузории “Ахиос” аз қавли “чор манбаи огоҳ” –и худ навишт, Натаняҳу ба ин бовар аст, ки эҳтимоли расидан ба созиши атомӣ миёни ИМА ва Эрон хеле кам аст ва аз ин рӯ, мехоҳад бо Трамп дар мавриди ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон дар сурати шикасти дипломатия тафоҳум кунад.

Дар моҳи декабри соли гузашта Доналд Трамп навореро аз гуфтаҳои Ҷеффри Сакс, профессори Донишгоҳи Колумбия нашр кард, ки дар он зикр мешавад: “Натаняҳу аз соли 1995 ба ин сӯ ин дидгоҳро дошт, ки таҳти роҳи раҳоӣ аз Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ сарнагунии кишварҳоеро ба монанди Ироқ, Сурия ва Эрон бикашад. Ва ӯ то ҳоло бе таваққуф кӯшиш мекунад, ки моро ба ҷанг бо Эрон, ҳатто имрӯз ё ҳамин ҳафта водор кунад.

Мутаассифона, бояд бигӯям, ки ӯ як шахсияти амиқан баднафс ва сиёҳдил аст. Ӯ моро вориди ҷангҳои поённопазир кард ва ба хотири нуфузи густурдааш дар сиёсатҳои Амрико, роҳашро идома медиҳад. Ин дар ҳолест, ки он як ҷанги сохта ва баҳонаи беасос буд”.

Фақат Доналд Трамп нест, ки Натаняҳуро чунин тавсиф кардааст. Ҷо Байден низ бар асоси гуфтаҳои рӯзноманигори маъруфи армикоӣ Боб Вудворд, баъд аз вуруди артиши Исроил ба Рафаҳ дар хусуси Натаняҳу чунин гуфта буд: “Ӯ як дурӯғгӯи ҳаромзода аст. Як шахсияти манфӣ ва лаънатист”.

Барак Обама, президенти собиқи ИМА низ гуфта буд: “Ихтилофоти ман бо Натаняҳу шахсӣ нест, балки решаӣ ва амиқ аст”.

Аз вақте ки дар соли 1996 Бенямин Натаняҳу барои нахустин бор ба мақоми сарвазирӣ расид, бисёре аз амрикоиҳо нисбат ба ӯ чунин тасаввур доштанд.

Мадлен Олбрайт, ки дар давраи дуюми раёсати Билл Клинтон вазири корҳои хориҷӣ буд, дар китоби худ “Ба дӯзах ва ҷойҳои дигар” чунин ёд мекунад: “Дар соли 2013 Натаняҳу дар иҷлосияи Созмони Милали Муттаҳил Теҳронро муттаҳам кард, ки ба сӯи тавлиди силоҳи атомӣ меравад. Ӯ иддао кард, ки иқдомҳои Эрон таҳдиди маргбор барои кишвараш аст ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб кард, ки ин равандро боз дорад.

Ҳамон сол, Барак Обама суҳбати телефонии таърихӣ бо Ҳасан Руҳонӣ анҷом дод ва оғози музокираи чандҷонибаеро асос гузошт, ки ду сол тӯл кашид ва дар ниҳоят ба созиши Барномаи иқдоми ҷомеъи муштарак анҷомид.

Бенямин Натаняҳу барои чунин дастоварди созанда бояд ба роҳбарони дигар кишварҳо изҳори ташаккур мекард ва дасти онҳоро фишурда, ба онҳо барои итминони хотир сипос мегуфт. Вале ӯ баръакс ба танқиди Обама пардохт ва нишон дод, ки аз ибтидо дили хуше аз ӯ надорад. Бо вуҷуди он ки ҳукумати Обама Исроилро саропо бо кумакҳои молӣ фаро гирифта буд, боз ҳам ӯро хушҳол накард.

Ин шахс ҳеч алоқа ва бовар ба музокира надорад. Барои исботи он кофист ба омор ва иттилоъ нигаред, то бубинед, ки то куҷо ин андеша дур аз ақли солим аст.

Ба назари ман, сабаби аслии ин муносибат дар он аст, ки Обама диди васеъ ва дурбинонаи стратегӣ дошт ва дарк мекард, ки амнияти Исроил танҳо бо роҳи силоҳ таъмин намешавад. Хислати ҳамешагии таҷовузкорона шояд муддате душманонро битарсонад, вале ҳеч гоҳ субот ва оромӣ ва хоби осуда барои мардум намеорад.

Вақте тоза вазир шуда будам, Натаняҳу ҳам нахустин бор сарвазир шуда буд. Баъд аз мулоқоти аввал бо ӯ, дар гӯшае барои худ ёддошт навиштам ва ӯро чунин тавсиф кардам: “Як дуруғгӯӣ маккор, ки ҳамеша дар талоши кисабурии мардум аст”

Ба назари ман, агар ӯ зиёд тақлидкор намебуд ва талош намекард забони англисии худро бе лаҳҷа намоиш диҳад, шояд дар дили амрикоиҳо ҷойи бештаре пайдо мекард. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳеч гоҳ кӯшиш намекард, ки ақидаҳояшро пинҳон кунад. Як бор бо тамоми ростгӯӣ ба ман гуфт, ки бовар дорад ҷанги Исроил бо душманонаш дар минтақа ногузир аст ва барои ҳамин талош мекунад, то ҷомеаи яҳуд дар қудрат бимонад ва душманон дар ҳолати заъф.

Дар маҷмуъ, ин шахс ҳеч имон ба музокира надорад ва моҳҳо ба рӯшанӣ нишон медиҳанд, ки то куҷо ин усул бехирадона аст”- шаҳр додааст вазири корҳои хориҷии пешини ИМА.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.