Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бонки ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон барои эҳёи ҷангалҳо ва заминҳои харобшуда 153 млн доллар медиҳад
Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки барои эҳёи ҷангалҳо ва заминҳои харобшуда 153 миллион доллар ҷудо кунад.
Лоиҳаи барқарор намудани ҷангалҳо ва заминҳои харобшуда дар тӯли шаш моҳ дар минтақаҳои мухталифи Ӯзбекистон амал карда мешавад.
Дар доираи Форуми иқлимии Самарқанд, Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ аз оғози раванди амалисозии лоиҳаи “Барқарорсозии манзараҳои устувор дар Ӯзбекистон хабар доданд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Вазорати экология хабар додааст.
Дар чорчӯби ин ташаббус корҳои васеи ниҳолшинонӣ, таъсиси боғу чарогоҳҳои ҷангалӣ, дастгирии корхонаҳои кишоварзӣ ва кумак ба минтақаҳои табиӣ, ки зери ҳифозати махсус қарор доранд, пешбинӣ шудааст.
Қисме аз маблағҳо ба рушди инфрасохтори туризми экологӣ ва ташкили пойгоҳҳои миллии иттилоотӣ оид ба манзараҳои ҷангалӣ равона мешавад.
Лоиҳаи мазкур дар шаш вилояти Ӯзбекистон – Ҷиззах, Қашқадарё, Намангон, Самарқанд, Сурхондарё ва Сирдарё амалӣ карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”