Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҷоми Осиё-2025: Наврасони Тоҷикистон садрнишинанд ва муқобили Кореяи Шимолӣ рақобат мекунанд
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ба бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025, ки пагоҳ муқобили тими Кореяи Шимолӣ доир мегардад, омода шуда истодааст.
Гуфта мешавад, ки бозии даври дуюми Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ рӯзи 8-уми апрел дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдулло Сити Холл»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Футболбозони навраси тоҷик бо роҳбарии Марко Раҷини дар Ҷидда тамрин карда, барои ба даст овардани се холи навбатӣ дар бозӣ бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ кӯшиш хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал дастаи наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 1 мунтахаби наврасони Уммонро шикаст дод. Дар ҳамон давр дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Эрон бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ карданд ва ҳоло наврасони тоҷик дар гурӯҳи “D” бо касби 3 имтиёз садрнишинанд.
Бояд гуфт, ки Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор гардида, дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби роҳхати Ҷоми Ҷаҳон-2025 мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”