Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Баррасии стандартҳои интернети 4G ва 5G дар Душанбе дар Форуми байналмилалии Хадамоти алоқа
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байнамилалии алоқа ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа бо мақсади танзими спектори радиобасомад ва мадори моҳвораӣ форуми сатҳи байналмилалӣ баргузор мекунад.
Форуми мазкур имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа бо суханони ифтитоҳии Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бородин Алексей Сергеевич, директори генералии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба кори худ оғоз кард.
Дар Форум Ксения Дроздова, директори генералии MOX Intersputnik, Дмитрий Ветлугин, намояндаи Eutelsat OneWeb доир ба проблемаҳои дастрасӣ ба бозорҳои системаҳои NGSO дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва Александр Гуляев, намояндаи ширкати Huawei Technologies Co., Ltd андешаронӣ мекунанд.
Дар қисматҳои дигари Форум бояд масъалаҳои гуногуни марбут ба алоқа ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда шавад.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Форумро бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ намудани соҳаи алоқа, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дар бозори телекоммуникатсионӣ ва ғайра номид.
Дар идомаи Форум мутахассисон доир ба густариши ҳамкориҳои мутақобили судманд миёни операторони алоқаи барқии кишвар, фароҳам кардани дастрасии ҳамсон ба алоқаи барқӣ дар кишварҳо, навсозии инфросохтори соҳа, бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо стандартҳои 4G ва 5G, муносиб намудани арзиши хизматрасониҳо, пайваст шудани шабакаҳои телекоммуникатсионии кишвар ба таври мустақим ба системаи байналмилалии шабакаҳои кабелии зериуқёнусии Интернет, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҳузури фаъол ва маънодори кишвар дар платформаҳои байналмилалии мубодилаи трафики Интернет, таъсиси марказҳо ва махзанҳои коркарди маълумотҳои калонҳаҷм, густариши истифодабарии шабакаҳо ва технологияҳои алоқаи моҳвораӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ андешаронӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки форуми мазкур мутахассисонро аз 19 кишвари олам, аз қабили Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Туркманистон, Афғонистон, Булғористон, Латвия, Литва, Болгария, Словения, ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) гирди ҳам овард.
Форуми мазкур дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки дар назар аст то 11 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ дар чанд бахш идома ёбад, ташкил гардида, дар ҳоли баргузорӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”