27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
07.04.2025 10:49

Шавкат Мирзиёев: “То соли 2040 бо коҳиши ҷараёни оби Сир ва Омӯ Осиёи Марказӣ ба камобӣ рӯ ба рӯ мешавад”

Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷараёни форуми иқлим, ки дар доираи ҳамоиши “Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, зарурати оғози барномаи минтақавии нав барои татбиқи технологияҳои сарфаи об дар Осиёи Марказиро ба миён гузошт.

Президенти Ӯзбекистон таъкид намуд, ки бар асоси пешбиниҳо то соли 2040 дар натиҷаи коҳиши ҷараёни оби дарёи Омӯ ва Сир Осиёи Марказӣ метавонад бо сатҳи баланди фишори камобӣ рӯ ба рӯ шавад. Ӯ афзуд, ки минтақа аллакай аз оқибатҳои як фоҷеаи бузурги инсонӣ – хушк шудани Баҳри Арал осеб дидааст.

“Дар доираи ин талошҳо, мо ният дорем, ки як форуми байналмилалиро дар минтақаи ҳошияи Арал баргузор намоем, то нақшаҳо ва пешниҳодҳои дахлдор дар сатҳи мутахассисон муҳокима шавад” – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба таъкиди ӯ, Ӯзбекистон дар роҳи сарфаҷӯии захираҳои обӣ корҳои васеъмиқёсро анҷом дода, шабакаҳои обёриро битонпӯш карда ва пойгоҳҳои саноатиро барои истеҳсоли технологияҳои сарфаи об ташкил намудааст. Ин технологияҳо аллакай дар беш аз 50 фоизи заминҳои обёришавандаи кишвар роҳандозӣ шудаанд.

“Дар натиҷаи ин тадбирҳо соли гузашта ба миқдори тақрибан 8 миллиард метри мукааб об сарфа гардид” – таъкид кард президенти Ӯзбекистон.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.