Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳушдори Британия: “Ба Афғонистон сафар накунед, хатарнок аст”
Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, ки ба Афғонистон сафар накунанд, зеро сафар ба ин кишвар хатарнок аст.
Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир фиҳристи кишварҳоеро эълон кард ва ба шаҳрвандонаш ҳушдор дод, ки ба ин кишварҳо сафар накунанд.
Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Британия зикр шудааст, ки вазъияти амниятии Афғонистон бесубот аст. Дар ин баёния таъкид мешавад, ки “сафар ба саросари Афғонистон бисёр хатарнок аст ва эҳтимоли баста будани гузаргоҳҳои марзӣ вуҷуд дорад”.
Вазорат эҳтимоли боздошт, хушунати мусаллаҳона, балоҳои табиӣ ва даргирии сиёсиро ҳамчун далел барои сафар накардан ба Афғонистон зикр кардааст.
Дар феҳристи Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Афғонистон, Эрон, Судони Ҷанубӣ, Русия, Ҳаитӣ, Беларусия, Либия, Сурия ва Яман дар қатори кишварҳое қарор доранд, ки набояд ба онҳо сафар кард.
Қабл аз ин Вазорати корҳои хориҷии Канада низ ба шаҳрвандонаш тавсия карда буд, ки ба Афғонистон ба далели набуди амният ва субот сафар накунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”