Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ширкатҳои ӯзбекистонӣ ҳоҷиёни тоҷикро фиреб дода, дар нимароҳ монданд
Дар ҳафтаҳои ахир наворҳои зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар фазои интернет мечархад ва онҳо аз ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон шикоят мекунанд, ки онҳоро фиреб кардаанд.
Ширкатҳои Ӯзбекистон турҳои арзони зиёрати умраро пешниҳод кардаанд, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон бо ин роҳ ба сафари ҳаҷ баромадаанд. Гуфта мешавад, онҳое, ки бо ин ширкатҳо ба ҳаҷ мераванд, бе ягон пуштибонӣ дар хориҷ аз кишвар мондаанд.
Расонаҳо аз қавли ҳоҷиёни тоҷик навиштаанд, ҳамаи онҳое, ки аз тариқи ширкати “META TRAVEL” ба ҳаҷ рафтаанд, ба қаллобӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Яке аз ҳоҷиён дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст: “Нахуст моро се рӯз дар Ӯзбекистон бидуни ягон сабаб нигоҳ доштанд. Баъдан ба Арабистони Саудӣ парвоз намудем, ки дар он ҷо моро дар меҳмонхона ҷой карданд ва намояндагони ширкат ғайб заданд. Ширкат бо мо тамос намегирад, ки маблағҳоро пардохт кунем ва гуфтанд, ки ширкат ҳеч чизро пардохт накардааст. Ба мо гуфта буданд, ки меҳмонхона дар масофаи як километр дуртар аз масҷид ҷойгир аст. Вале он 15 километр дур аст. Мо намедонем, ки оё чиптаҳои бозгашт дорем ё на. Мо зиёда аз бист нафар ҳастем ва ҳама танҳо мондаем”.
Зоирони тоҷик гуфтаанд, ки чунин ҳолатҳо ягона нест. Бисёре аз ширкатҳо баъди ворид шудан ба Арабистон ҳоҷиёнро ба ҳолати худ раҳо намуда, ғайб мезананд ё пайваста ҳоҷиёнро аз як меҳмонхона ба меҳмонхонаи дигар мекӯчонанд.
“Мо бо имон ва умед омадем, вале дар номуайянӣ қарор гирифтем. На роҳбалад дорем, на ёрӣ. Ҳатто намедонем, ки чӣ гуна бояд ба Ватан баргардем” – мегӯяд як зоир.
Бар асоси наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, шумораи ҳоҷиёни фиребхӯрда зиёданд. Онҳо аз мардум даъват кардаанд, ки ба “турҳои арзон” бовар накунанд ва қабл аз сафар ҳуҷҷатҳоро санҷида, муътабар будани ширкатҳоро дақиқ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”