27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
07.04.2025 10:13

СММ ҳушдор дод: 40 % касбу кор дар 10 соли оянда аз байн меравад

Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише, ки 3-уми апрел нашр кард, ҳушдор дод, зеҳни сунъӣ метавонад то соли 2033 40 дарсад аз касбу кори ҷаҳониро таҳти таъсир қарор диҳад.

Ба таъкиди СММ ин технология, ки пешбинӣ мешавад то соли 2033 арзишаш ба 4,8 триллион доллар расад, ҳамчунон фурсати бузург барои рушди иқтисодӣ ва судоварӣ маҳсуб мегардад. Ин созмон таъкид мекунад, ки зеҳни сунъӣ метавонад судоварияшро афзоиш диҳад.

Ин ниҳоди ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ намудааст, ки зуҳури зеҳни сунъӣ дар оянда таҳдид барои бисёре аз касбу корҳо хоҳад буд. Дар гузориши Созмон таъкид мешавад, ки ба шакли автомотӣ анҷом ёфтани бисёре аз касбу корҳо сабаби аз байн рафтани ҷойҳои корӣ мешавад.

СММ таъкид мекунад, ки манифатҳои зеҳни сунъӣ аксаран ба суди сармоя ба ҷойи кор аст ва ин метавонад нобаробариро афзоиш дода, рақобати неруи арзони кориро дар кишварҳои дар ҳоли рушд коҳиш диҳад.

Ребекка Гринспен, раиси Созмони тиҷорат ва рушди СММ таъкид кардааст, ки бояд инсонҳо дар маркази рушди зеҳни сунъӣ қарор гиранд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ташкили як чорчӯби ҷаҳонӣ дар хусуси зеҳни сунъӣ бояд роҳандозӣ шавад.

СММ эълон кард, ки барои истифодаи қобилияти зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди устувор, кишварҳои мухталиф бояд аз имрӯз сармоягузорӣ ба инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳокимияти зеҳни сунъиро оғоз намоянд.

Ҳамзамон, СММ таъкид мекунад, ки зеҳни сунъӣ фақат ҷойгузини касбу кор намешавад, балки метавонад соҳаҳои нави саноатиро эҷод намуда, дар тавонмандсозии коргарон саҳм гузорад.

Нигаронии СММ дар ҳолест, ки чанде қабл Бил Гейтс изҳор дошт, зеҳни сунъӣ метавонад дар оянда дар бахшҳои тиббу маориф ҷойи табибон ва омӯзгоронро иваз намояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.