Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пизишкиён ба Муҳаммад ибни Салмон: “Эрон ҳеч вақт ҷонибдори ҷанг ва даргирӣ нест”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбати телефонӣ бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон гуфт, ки Эрон ҳеч гоҳ ҷонибдори ҷангу даргирӣ нест.
Президенти Эрон таъкид намуд, ки дар ҳимоят аз худ ҳеч гуна шубҳа надорем ва омодагиву тавоноии мо дар ин самт дар баландтарин сатҳ қарор дорад.
Дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ медиҳад, ки Масъуд Пизишкиён дар ҷараёни суҳбат бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон гуфтааст, ки кишвараш хоҳони муколама ва ҳамкорӣ бо назардошти манфиатҳои муштарак ва эҳтироми дуҷониба ва коҳиш додани низоъ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ иттилоъ додааст, ки Масъуд Пизишкиён ва Муҳаммад ибни Салмон дар суҳбати телефонӣ рӯйдодҳои ахири минтақа ва масъалаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар иттилоияи дафтари матбуоти президенти Эрон зикр шудааст, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ хостори таҳкими ҳамкорӣ ва идомаи муносибатҳои дуҷониба аст.
Масъуд Пизишкиён бо ишора ба таҳдидҳои ахири Доналд Трамп гуфтааст, ки истифодаи ғайриосоиштаи неруи атомӣ ба ҳеч ваҷҳ дар докторинаи амниятӣ ва дифоии Эрон ҷой надорад. Президенти Эрон таъкид намудааст, ки кишварҳои исломӣ бо ҳамкории якдигар метавонанд “аз зулму ҷиноят бар зидди мардуми Фаластин ва Ғазза пешгирӣ кунанд ва амнияту шукуфоии минтақаро таъмин намоянд”.
Бар асоси гузориши дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон дар ин суҳбат ба таҳкими субот ва сулҳ дар минтақа таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст, ки Арабистони Саудӣ омодааст барои иҷрои нақш дар коҳиши низоъ ва ноамниҳои минтақа ҳамкорӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”