27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
05.04.2025 17:42

Бозгашти ҷанги хунин ба Ғазза. Аз кобуси гуруснагӣ то қатли омми даҳҳо нафар

Дар рӯзҳои охир бозгашти ҷанги хунин, ҳамлаҳои ваҳшиёнаи артиши Исроил ба минтақаи навори Ғазза бо бомбаборонӣ идома дорад. Бар асари бомбаборони як хона  дар маҳаллаи Аш-Шуҷоия, дар қисмати шарқии Ғазза, 3 фаластинӣ кушта шуда, беш аз 15 нафар захмӣ гардиданд. Дар ҳамла ба хаймаи гурезагон дар минтақаи Маън дар шарқи Хонюнус чор нафар кушта шуд.

Расонаҳои фаластинӣ аз кушта шудани як зан ва захмӣ шудани чанд нафари дигар дар бомбаборони як хона дар минтақаи Қазон Рашвон дар Хонюнуси Ғазза хабар доданд. Шаҳри Рафаҳ низ шоҳиди ҳамлаҳои пай дар пайи ҳавоӣ ва тӯпхонаии артиши Исроил буд.

Дар як ҷинояти ваҳшиёнаи нав низомиёни Исроил бо ҳамла ба хонаҳо дар маҳаллаи Аш-Шуҷоия 20 ғайринизомиро ба қатл расониданд.

Ба дор овехтани кормандони ёрии таъҷилӣ аз сӯйи артиши Исроил бозтоби хабарии фарогир дар расонаҳои ғарбӣ гаштааст. Рӯзномаи “Гардиан” ба нақл аз як табиби тибби судӣ дар беморхонаи Носир, дар ҷануби Ғазза хабар дод, ки далелҳо аз ба дор кашидани кормандони ёрии таъҷилии фаластинӣ аз сӯйи низомиёни артиши Исроил дар шаҳри Рафаҳ кашф шудаанд.

Ҷил Мишо, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод, ки то ҳол 288 корманди Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Ғазза бар асари ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.

Дар пайи муҳосираи шадид, барномаи ҷаҳонии ғизо эълон кард, ки захираи орд дар Ғазза ба поён расида, ҳамаи нонвойҳо баста шудаанд. Муовини Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Дарҳои ҳама гузаргоҳҳо баста. Ғизо дар марзҳо вайрон мешавад, доруҳо тамом мешаванд ва ирсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ ғайриимкон аст”.

Бар асоси барномаи ҷаҳонии ғизо ҳамаи 25 нонвойхонаи Ғазза бо сабаби набудани сӯзишворӣ ва орд аз кор боз мондаанд. Ин маънои онро дорад, ҳазорон хонавода дар Ғазза бидуни манбаи аслии ғизо – нон мондаанд. Раиси Иттиҳодияи нонвойҳои Ғазза гуфт, ки “Агар гузаргоҳҳо фавран боз нашаванд ва маҳсулоти зарурӣ ворид нашавад, фоҷеаи инсонӣ фарогир мешавад”.

Ба гузориши расонаҳо дар давоми 9 рӯзи ҳамлаҳои пай дар пайи артиши Исроил ба навори Ғазза беш аз 800 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Тибқи гузоришҳо бештари ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Навори Ғазза ва ба таври мушаххас, дар шаҳрҳои Рафаҳ ва Хонюнус сурат гирифтааст.

Расонаҳо, ҳамчунин, хабар доданд, ки амалиёти заминии артиши Исроил дар Навори Ғазза баъд аз 9 рӯзи оғози дубораи ҷанг, сар шуда, ишғолгарони исроилӣ чандин хонаро дар наздикии деҳаи Ум ан-Наср, дар шимоли Ғаро таркондаанд.

Вазорати тандурустии Фаластин дар изҳороте эълон кард, ки дар тӯли 24 соати гузашта 62 ҷасад ва 296 захмӣ ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд. Теъдоди умумии фавтидагон ва захмиён аз 18-уми март то ба ҳол ба 792 фавтида ва 1663 захмӣ расидааст. Дар ин омор кушташудаҳои субҳи имрӯз, ки теъдодашон 11 нафар гуфта мешавад, зикр нашудааст.

Хабаргузории “Тасним” –и Эрон дар гузорише навишт, ки артиши ишғолгари Исроил дар идомаи амали ҷинояткоронаи худ бар зидди мардуми бегуноҳи Ғазза, аз иҷрои марҳилаи дуюми оташбас худдорӣ кард, дар моҳи Рамазон ва баъд аз он ҳамла ба ин минтақаи тангро оғоз намуд, ҳазорон зану кӯдакро ба қатл расонд.

Яке аз сокинони Ғазза, ки аз ҳамлаҳои ваҳшиёнаи артиши Исроил ба Рафаҳ гурехтааст, дар суҳбат бо хабарнигори “Тасним” мегӯяд: “Баъди дастури кӯчидан нишаста будам, намедонистам бояд чӣ кор кунам, ки ногаҳон дидем, яҳудиҳо моро муҳосира карданд. Ҳама роҳҳоро ба рӯйи мо бастанд ва ба тарафи мо оташ кушоданд. Падарам захмӣ шуд ва натавонистам ӯро барам, исроилиҳо ӯро бурданд. Падарам ҳамин ҷо нишаста буд”.

Ӯ дар идома гуфт: “Ба Худо намедонем, чӣ кунем. Бисёре аз мардумро боздошт карданд. Ҳамаи мардум ҳамин ҷо нишастаанд. Бисёре аз мардумро бурданд ва дасти онҳоро аз ақиб бастанд. Худо медонад, сагҳо он ҷо бо онҳо чӣ хоҳанд кард”.

Яке аз кормандони неруҳои ҳифзи шаҳрвандии Ғазза бар хабарнигорон гуфтааст: “Аз субҳи 7-уми октябр то кунун, мо дар дифои шаҳрвандӣ, чун дигар неруҳои кумакрасон, ки ба миллати фаластинӣ дар хизмат мерасонанд, фаъолият дорем. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд ва шароити душвор бо норасоии таҷҳизот ва нақлиёт рӯ ба рӯ ҳастем. Рӯшан аст, ки неруҳои дифои шаҳрвандӣ дар маърази кадом ҳамлаҳо қарор гирифтаанд. Охирин маврид, ҳамла ба онҳо дар Рафаҳ буд, ки дар он неруҳои дифои шаҳрвандӣ, оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ ва наҷот мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳатто дар ин замина аз ниҳодҳои ҷаҳонӣ хостори ҳамкорӣ барои ҷустуҷӯ шудем, то аз сарнавишти ин афрод огоҳ шавем, аммо то кунун ҳеч иттилоъе надорем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.