27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
05.04.2025 11:35

Рӯзномаи “Сан” –и Британия. “Амрико ва Исроил барои ҳамла ба Эрон омода мешаванд”

Рӯзномаи британиягии “Сан” дар шумораи рӯзи панҷшанбе, 3-уми апрели соли 2025 хабар дод, ки Амрико ва Исроил барои ҳамлаи низомӣ ба муассисаҳои атомии Эрон омода мешаванд. Ин рӯзнома бо такя ба манобеаш навишт, ки Амрико дар сурати ҳосил нашудани тавофуқ ба Эрон ҳамлаҳои густурда анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши рӯзнома, нови ҳавопаймобари “Карл Винсон” ба  зуди вориди обҳои Халиҷи Форс шуда, ба наздики Эрон мерасад. Ин киштӣ дар амалиёти куштани Уссома бин Лодан иштирок дошт ва ҷасади ӯро ба баҳр партофт. Пешбинӣ мешавад, ки киштии "Карл Винсон" то 9-уми апрел ба наздики марзҳои обии Эрон мерасад. Тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳад, ки ҳадди ақал шаш ҳавопаймои бомбафкани пешрафтаи ВИ-2, ки артиши Амрико 20 адад дар ихтиёр дорад, барои ҳамла ба Эрон ба пойгоҳи Диёго Гарсия интиқол дода шудааст.

Ин таҳаввулот дар ҳоле рух медиҳад, ки музокироти атомии миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба натиҷае нарасидааст ва танишҳо дар минтақа афзоиш меёбад. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп Эронро таҳдид намуд, ки дар сурати рад намудани музокироти мустақим дар хусуси барномаи атомии баҳсбарангези худ бо бомбаборони “бесобиқа” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.