Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Амрико мехоҳад мисли гузашта бо Толибон ҳамкорӣ кунад
Сомонаи хабарии “Лонг вор Журнал” дар гузорише навишт, ки бекор кардани ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққонӣ нишон медиҳад, ки ҳукумати Трамп сиёсати қаблии ҳамкорӣ бо Толибонро дар пеш гирифтааст, ки ба имзои тавофуқномаи Давҳа ва хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон сабаб шуда буд.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки бозгашти Зулмай Халилзод ба арсаи сиёсати хориҷии Амрико нишондиҳандаи эҳё шудани сиёсати давраи аввали президентии Доналд Трамп дар қиболи гурӯҳи террористии Толибон аст.
Вил Силбер, афсари пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки 4 сол дар Афғонистон ва Ироқ хизмат карда ва Бил Ружио сардабири “Лонг вор Журнал” дар ин таҳлил навиштанд, ки идомаи ҳамкорӣ бо Толибон нишон медиҳад, ин гурӯҳ барои пешниҳоди паноҳгоҳҳои амн ва дастгирии модӣ аз Ал-қоида ва дигар созмонҳои террористии муттаҳидаш посух нахоҳад дод.
Дар гузориш зикр мешавад, ҳарчанд ҳукумати Доналд Трамп нахустин давлат нест, ки “дипломатияи гаравгонҳо” –ро эҷод карда ва ба созмонҳои террористӣ имтиёз медиҳад, бо ин ҳол бекор кардани ҷоиза барои сари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, ки дар тӯли ду даҳа чандин шаҳрванди амрикоӣ ва аврупоиро рабудааст, Толибонро бештар ҷасур хоҳад кард.
Чанде қабл ҳайати амрикоӣ ҳамроҳ бо Зулмай Халилзод ба Афғонистон сафар намуда, дар хусуси озодии гаравгонҳои амрикоӣ музокирот анҷом дод. Дар пайи ин сафар Ҷорҷ Голзман – шаҳрванди амрикоӣ баъди ду сол аз зиндони Толибон озод шуд.
Полиси федералии Амрико чанде қабл ҷоизаи 10 миллион долларӣ барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард. Вазорати хориҷии Амрико инчунин, номи Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва ду узви гурӯҳи шабакаи Ҳаққониро аз феҳристи афроди таҳти таъқиби ин кишвар бекор намуд.
Муаллифи мақола шарҳ медиҳад, ки бекор кардани ҷоиза барои боздошти аъзои шабакаи “Ҳаққонӣ” “қадаме дар самти қонунӣ” намудани фаъолиятҳои Сироҷиддин Ҳаққонӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”