Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ансамблҳои “Огонки” ва “Вечерки”–и Алтайи Русия дар Тоҷикистон консерт баргузор карданд
Ҳунармандони Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Алтайи Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе бо барномаи консертӣ таҳти номи “Бо ҳамаи ҷаҳон, бо ҳамаи мардум, бо тамоми замин” консерти ҳунарӣ баргузор намуданд. Ин барномаи консертӣ ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда буд. Чорабинии консертӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.
Барои тамошои консерт садҳо нафар ҷамъ омаданд. Дар миёни тамошобинон ҳамватанон, дипломатҳои рус, намояндагони дигар сафоратҳои хориҷӣ, кормандони Россотрудничества ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода қабл аз оғози барномаи консертӣ гуфт: “Ҳунари ансамблҳои Огонки ва Вечарки берун аз марзҳои Федератсияи Русия ҳам шуҳрат дорад. Маҳорат, истеъдод ва самимияти иҷрои онҳо тамошобинонро мафтун месозад, умқи фарҳанги халқиро намоиш медиҳад ва онро барои ҳар кас, навобаста ба миллат ва забон фаҳмо ва зинда мегардонад”.
Семён Григорев, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон аз роҳбарияти Ҷумҳурии Алтай барои ташаббуси фарҳангӣ ва тақвият додани робитаҳои бародарона бо Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
“Тоҷикистон тасодуфан нахустин кишваре нест, ки ҳунармандони филармонияи мазкур дар он барномаи ҷашнии бахшида ба солгарди Ғалабаро иҷро мекунанд, зеро дар Тоҷикистон хотираи муштарак ва арҷгузорӣ бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо эҳтироми хос нигоҳ дошта мешавад” – гуфт Семён Григорев.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”