Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия: “Ҳамлаи низомӣ ба Эрон ғайриқонунӣ ва фоҷеабор хоҳад буд”
Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия эълон намуданд, ки дар мавриди мушаххас намудани роҳкори музокироти атомӣ миёни Эрон ва Аврупо ба созиш расидаанд.
Ин дар ҳолест, ки Эрон пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои музокироти мустақим дар хусуси барномаи атомии баҳсбарангези худро рад кард, аммо бо музокироти ғайримустақим бо миёнаравии Уммон мувофиқат намуд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия низ барои миёнаравӣ ҷиҳати ҳалли музокироти атомии Эрон изҳори омодагӣ намудааст.
Дар мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ҳамтои руси худ дар шаҳри Маскав ҷонибҳо “ба пойбандии худ ба масири муайяншуда барои ёфтани роҳи ҳалли пойдор дар музокироти атомии Эрон таъкид намуданд”.
Дар изҳорот ҳамчунин, ҳуқуқи қонунии Теҳрон барои истифодаи сулҳомези неруи атомӣ, ки бар асоси узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Паймони манъи густариши силоҳи атомӣ сурат мегирад, ишора шудааст.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ҳушдор дода шудааст, ки “таҳдиди ҳамла ба иншооти атомӣ ва энергетикии Эрон иқдоми ғайриқобили қабул аст, ки метавонад паёмадҳои фоҷеабор барои тамоми минтақаи Ховари Миёна дошта бошад”.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Эрон ҳақ дорад аз неруи атомӣ ба таври осоишта истифода кунад ва таъкид намуд, ҳамла ба инфрасохтори атомӣ паёмадҳои фоҷеабор барои тамоми ҷаҳон хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”