Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба Амрико даъват шуд
Тим Борчет, узви Комитети муносибатҳои хориҷии Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Зоҳири Ағбарро барои музокира ба Амрико даъват намудааст.
Тим Борчет бо нашри паём дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” аз Зоҳир Ағбар ва ҳамчунин, Амруллоҳ Солеҳ, муовини махлуъи президенти пешини Афғонистон барои ширкат дар музокироти саҳти баланд даъват кардааст.
“Сафир Ағбар бо ҷасорат аз таслим додани сафорати Афғонистон ба режими террористии ҳоким дар Кобул худдорӣ кардааст ва бо садоқат иродаи воқеии мардуми Афғонистонро намояндагӣ мекунад”- навиштааст Тим Борчет.
Тим Борчет дар паёми худ таъкид кардааст, ки ҳама сафоратҳои дигари Афғонистон дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳоло дар зери мудирияти Толибон қарор гирифтаанд.
Тим Борчет соли гузашта низ Амруллоҳ Солеҳро барои музокира ба Амрико даъват карда буд. Ин узви Маҷлиси намояндагони Амрико нисбат ба гурӯҳи террористии Толибон мавқеъи шадид дорад ва ҳамеша аз ин гурӯҳ ба унвони гурӯҳи хатарноки террористӣ ёдоварӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”