Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Ҳайратовар”. Дар сояи ҳукумати Толибон шумораи журналистони зан афзудааст
Дар ҳукумати сарпарасти гурӯҳи террористии Толибон бо вуҷуди маҳдудияти шадиди фаъолияти журналистӣ як созмони мустақил иддао кардааст, ки шумораи рӯзноманигорони зан дар як соли ахир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора телевизиони “Ориёно нюз” хабар додааст.
“Шумораи рӯзноманигорони зан нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст. Дар айни ҳол, дар расонаҳои Афғонистон 745 рӯзноманигорони зан фаъолият мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта теъдоди онҳо 601 нафар буд”- гуфтааст раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони мустақили Афғонистон Ҳуҷатуллоҳ Муҷаддадӣ.
Вазорати иттилоот ва фарҳанги гурӯҳи террористии Толибон таъкид намудааст, ки вазъият дар фазои расонаҳо хуб аст ва ин ниҳод талош мекунад, аз рӯзноманигорон ва расонаҳо дар бахшҳои мухталиф пуштибонӣ кунад.
Ин иттилоъ дар ҳоле нашр мешавад, ки занони рӯзноманигори Афғонистон аз маҳдудиятҳои шадиди гурӯҳи террористии Толибон шикоят мекунанд. Дар маҷмуъ, бар асоси гузориши созмонҳои байналмилалӣ шароити кори рӯзноманигорон дар Афғонистон тоқатфаро буда, аксари рӯзноманигорони маъруфи зан кишварро тарк кардаанд.
“Мутаассифона, мо аз тарафи баъзе муассисаҳо ва расонаҳо таҳти фишор қарор мегирем, ки ба кори мо халал мерасонанд. Аз ин рӯ, мо аз расонаҳои худ ва ниҳодҳои мухталиф даъват мекунем, ки рӯзноманигорони занро ҳамон шакле, ки рӯзноманигорони мардро дастгирӣ мекунанд, пуштибонӣ намоянд”- гуфтааст як рӯзноманигори зани Афғонистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”